ВАКАНСИЯ: АДМИНИСТРАТОРИ ЗАЛИ ТИҶОРАТӢ
Дар супермаркети «Ҳаштуми Марти Рудаки Плаза» ҷойи кори холӣ барои вазифаи АДМИНИСТРАТОРИ ЗАЛИ ТИҶОРАТӢ кушода шудааст.
Талабот ба номзад:
Таҷрибаи корӣ ба ҳайси администратор, фурӯшандаи калон ё дар соҳаи савдои чакана — то 2 сол бартарӣ ҳисобида мешавад;
Масъулиятшиносӣ ва муташаккилӣ;
Қобилияти кор бо кормандон;
Муоширати хуб ва муносибати хушмуомила бо харидорон;
Қобилияти зуд қабул кардани қарорҳо дар ҳолатҳои ғайристандартӣ;
Донистани асосҳои фаъолияти супермаркет;
Омодагӣ ба кор дар басти дуюм аз соати 16:00 то 00:00.
Мо пешниҳод мекунем:
✅ Кори устувор дар супермаркети рушдёбанда;
✅ Ба таври расмӣ ба кор қабул шудан;
✅ Пардохти саривақтии музди меҳнат;
✅ Кор дар дастаи дӯстона;
✅ Имконияти рушди касбӣ.
Агар шумо шахси масъулиятшинос бошед, кори дастаро хуб ташкил карда тавонед ва хоҳиши рушди касбӣ дар соҳаи савдои чакана дошта бошед — мо аз дидани шумо дар дастаи худ хушҳол хоҳем шуд!