АДМИНИСТРАТОРИ ТОЛОРИ САВДО
Супермаркети «Ҳаштуми Март Рӯдакӣ Плаза» ба дастаи худ администратори толори савдо барои басти дуюм даъват менамояд.
ҶАДВАЛИ КОРӢ
Басти дуюм: аз соати 16:00 то 00:00;
Реҷаи корӣ: 6/1 (6 рӯзи корӣ, 1 рӯзи истироҳат).
ШУМО ЧӢ ВАЗИФАҲОРО ИҶРО МЕКУНЕД?
1.Шумо барои ташкил ва назорати кори толори савдо дар давоми баст масъул хоҳед буд:
2.Ташкил ва назорати кори фурӯшанда-мушовирон;
3.Тақсим намудани вазифаҳо байни кормандони баст;
4.Назорати тозагӣ, тартибот ва ҳолати умумии толори савдо;
5.Санҷиши дурустии ҷойгиршавии молҳо ва мавҷудияти нархномаҳо;
6.Назорати риояи стандартҳои хизматрасонӣ ба харидорон;
7.Баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ба миёномадаи харидорон;
8.Назорати интизоми меҳнатӣ ва риояи қоидаҳои дохилии корӣ аз ҷониби кормандон;
9.Сари вақт хабар додан ба роҳбарият оид ба мушкилот ва ҳолатҳои ба миёномада;
10.Супоридани маълумот дар бораи натиҷаи кор ва масъалаҳои ҳалнашуда ба администратори басти навбатӣ.
МО КӢРО ҶУСТУҶӮ МЕКУНЕМ?
1.Номзади масъулиятшинос, ташаббускор ва ташкилотчиро, ки:
2.Малакаи кор бо кормандонро дорад;
3.Бо харидорон хушмуомила ва боэҳтиром муносибат мекунад;
4.Метавонад вазифаҳоро дуруст тақсим ва иҷрои онҳоро назорат намояд;
5.Дар ҳолатҳои ғайристандартӣ мустақилона ва оқилона қарор қабул мекунад;
6.Қобилияти нигоҳ доштани интизом ва тартиботро дорад;
7.Таҷрибаи корӣ дар соҳаи савдои чакана дорад.
8.Таҷрибаи корӣ ба ҳайси администратор, сарфурӯшанда ё дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаи савдо бартарӣ дорад.
МО КИРО БА КОР ДАЪВАТ МЕКУНЕМ?
аз 28 то 45-сола;
Шахсони масъулиятшинос, хушмуомила ва меҳнатдӯст;
Бо хоҳиши кор кардан ва омӯзиши нав.
МО ЧӢ ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ?
1.Ҷои кори устувор;
2.Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3.Пардохти саривақтии музди меҳнат;
4.Хӯроки ройгон;
5.Расонидани кормандон баъди анҷоми баст (развозка);
6.Кор дар дастаи муттаҳид;
7.Имконияти омӯзиш ва рушди касбӣ.
Афзалият ба номзадҳое дода мешавад, ки дар наздикии супермаркет зиндагӣ мекунанд.
ҶОИ КОР
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 127, Бизнес-маркази «Рӯдакӣ Плаза».
БАРОИ МУРОҶИАТ ВА САВОЛҲО:
+992 81 271 33 33
Агар шумо таҷрибаи кор бо кормандон дошта бошед, масъулиятро ба зимма гирифта тавонед ва мехоҳед кори толори савдоро самаранок ташкил намоед, мо шуморо ба суҳбат даъват менамоем!
Ба дастаи мо ҳамроҳ шавед!