Муҳофиз
Мо дар чустучуи Муҳофиз
Вазифаҳо:
- таъмини муҳофизати ҷисмонии объект;
- назорати низоми гузаргоҳ;
- назорати дастрасии меҳмонон ва воситаҳои нақлиёт;
- назорати системаҳои видеомушоҳида;
- таъмини амнияти кормандон ва ҳифзи молу мулки ширкат;
- пешгирии дуздӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;
- ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои дохилии корхона;
- гузаронидани санҷишҳои дохилӣ ва иштирок дар таҳқиқоти хизматӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҳангоми зарурат.
Талабот:
- синну сол аз 25 то 55 сола;
- маълумоти олӣ (афзалият ба ихтисосҳои «Ҳуқуқшиносӣ» ё «Психология» дода мешавад);
- хизмати ҳатмӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- таҷрибаи хизмат ё кор дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на камтар аз 3 сол;
- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (шаҳодатномаи ҳарбӣ, сертификатҳо, шаҳодатномаҳо);
- донистани қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- малакаи хуби кор бо компютер: Microsoft Word, Excel, Outlook, гардиши электронии ҳуҷҷатҳо.
Шароити кор:
- ба кор қабул шудан мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- реҷаи кор: як шабонарӯз кор, ду шабонарӯз истироҳат (1/2);
- музди меҳнат — ҳангоми мусоҳиба мувофиқа карда мешавад.
Рушди касбӣ:
- Ширкат барои рушди касбӣ ва такмили ихтисоси кормандон имконият фароҳам меорад. Дар сурати нишон додани натиҷаҳои хуби корӣ, имкони пешбарӣ ба вазифаи роҳбари Хадамоти амният вуҷуд дорад.
- Агар шумо шахси масъулиятшинос, интизомнок бошед ва барои таъмини амнияти корхона омода бошед, шуморо ба ҳайати дастаи худ бо камоли майл даъват менамоем!
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust