Мутахассис оид ба назорати сифат
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: ул.Айни 64
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Производство
Чойи кории холӣ — мутахассис оид ба назорати сифат
Мо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ мутахассис оид ба назорати сифатро ҷустуҷӯ менамоем.
Вазифаҳо:
- назорати сифати ашёи хом, маводи бастабандӣ ва маҳсулоти тайёр дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолот;
- гузаронидани таҳлилҳои физикӣ-кимиёвӣ ва органолептикӣ (мазза, ранг ва бӯй)-и нӯшокиҳо ва афшураҳо;
- назорати риояи меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ дар сехҳои истеҳсолӣ;
- санҷиши дурустии пуркунӣ, маҳкамкунӣ ва тамғагузории маҳсулот (санаи истеҳсол, муҳлати истифода);
- пешбурди журналҳои лабораторӣ, тартиб додани шиносномаҳои сифат ва ҳуҷҷатҳои техникӣ.
Талабот:
- маълумоти олӣ ё миёнаи махсус (дар соҳаҳои химия, биология, технология ё саноати хӯрокворӣ);
- таҷрибаи корӣ дар лаборатория ё бахши назорати сифат на камтар аз 2 сол (таҷрибаи кор дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ дорад);
- донистани стандартҳои сифат ва усулҳои гузаронидани таҳлилҳои асосӣ (кислотнокӣ, brix/миқдори қанд, газнокӣ);
- бодиққатӣ ба ҷузъиёт, дақиқкорӣ, масъулиятшиносӣ ва ростқавлӣ;
- доштани дафтарчаи тиббӣ ё омодагӣ барои гирифтани он.
Шароитҳои кор:
- ба кор қабул намудан тибқи кодекси меҳнати ҷумҳурии тоҷикистон;
- маоши устувор ва пардохти саривақтии он;
- ҷадвали корӣ: 6/1, аз соати 08:00 то 17:00;
- лабораторияи муҷаҳҳаз ва шароити хуби кор.
Тарзи муроҷиат:
- номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд.
Мавзӯи нома: «мутахассис оид ба назорати сифат».
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust