Маркетолог

Душанбе
Опубликовано: Сегодня 16:16 Номер объявления: 16626815
  • Стаж: от 3 лет
  • Название, адрес компании: Shohin Airlines
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Маркетинг
Локация: Душанбе

Shohin Airlines ба дастаи худ маркетологро даъват менамояд!

Мо мутахассиси ташаббускору кордонро меҷӯем, ки ба рушди бренди ширкати ҳавопаймоӣ, ҷалби муштариёни нав ва баланд бардоштани таваҷҷӯҳи мусофирон ба ширкат мусоидат намояд.

Вазифаҳо:

• Таҳия ва татбиқи стратегияи маркетингии ширкат.

• Банақшагирӣ ва гузаронидани иқдомҳои таблиғотӣ (онлайн ва офлайн).

• Пешбурд ва рушди шабакаҳои иҷтимоии ширкат.

• Таҳлили бозор, рақибон ва талаботи муштариен.

• Омода кардани маводҳои маркетингӣ.

• Ташкили иқдомҳо, лоиҳаҳои шарикӣ ва пешниҳодҳои махсус.

• Таҳлили фаъолияти маркетингӣ ва таҳияи ҳисобот.

• Ҳамкорӣ бо ширкатҳои хизматрасон ва агентиҳои таблиғотӣ.

Талабот:

• Маълумоти олӣ дар бахши маркетинг, таблиғ ва самтҳои марбута.

• Таҷрибаи корӣ ҳамчун маркетолог на камтар аз 3 сол.

• Донистани воситаҳои маркетинги рақамӣ ва таҳлил.

• Малакаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои рекламавӣ.

• Забондонӣ дар сатҳи аъло (хаттӣ ва шифоҳӣ).

• Эҷодкорӣ, масъулият ва қобилияти кор дар гурӯҳ.

• Донистани забони англисӣ бартарӣ хоҳад дошт.

Мо пешниҳод мекунем:

• Кор дар ширкати ҳавопаймоии босуръат рушдкунанда.

• Музди рақобатпазир.

• Имкониятҳои рушди касбӣ ва омӯзиш.

• Шароити хуби мехнат.

• Иштирок дар лоиҳаҳои ҷолиби соҳаи авиатсия.

Агар Шумо омодаи рушд додани бренди Shohin Airlines-ро доред, маълумотномаи (резюме) худро фиристед - cd@shohinair.tj

Бо Shohin Airlines уфуқҳои нав кушоед!

Похожие объявления

  • Модель
    🎬 Вакансия: Чеҳраи бренд (Модел-презентатор) Ширкати Imkon Tower барои ҳамкорӣ чеҳраи бренд (модел-презентатор)-ро ба кор даъват менамояд. Агар шумо намуди зоҳирии ҷолиб, нутқи равон ва қобилияти муаррифии хонаҳоро дар назди камера дошта бошед, пас ин имконият барои шумост! ✅ Талабот: * Намуди зоҳирии озода ва муаррифипазир; * Озодона сухан гуфта тавонистан дар назди камера; * Энергияи мусбат ва муоширати хуб бо муштариён; * Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бартарӣ дорад; * Таҷриба дар наворбардорӣ ё блогинг хуш пазируфта мешавад. 🎯 Вазифаҳо: * Иштирок дар наворҳои таблиғотии хонаҳо; * Муаррифии касбии объектҳои фурӯшӣ ва иҷора; * Сабти рилсҳо ва видеоҳо барои шабакаҳои иҷтимоӣ; * Баланд бардоштани эътимоди муштариён ба бренд. 💼 Мо пешниҳод мекунем: * Музди меҳнати рақобатпазир; * Муҳити касбӣ ва дӯстона; * Имконияти рушди шахсӣ ва касбӣ; * Иштирок дар лоиҳаҳои ҷолиби амволи ғайриманқул. 📞 Барои ҳамкорӣ ва маълумоти бештар: 780 02 80 00 937 98 89 99 Imkon Tower — имконияти худро барои сохтани бренди муваффақ аз даст надиҳед! 🏡✨
    Imkon Tower, 11.06.2026 14:06, Душанбе
    Вакансии » Маркетинг, реклама, дизайн
  • Маркетолог
    🔥 МО МАРКЕТОЛОГ МЕҶӮЕМ! Агар ту: 🚀 идеяҳои нав дорӣ 📱 шабакаҳои иҷтимоиро хуб мефаҳмӣ 💡 медонӣ чӣ гуна мизоҷро ҷалб кардан мумкин аст Пас мо туро ба дастаи худ даъват мекунем! Вазифаҳо: • Пешбурди саҳифаҳои Instagram, Facebook, TikTok • Эҷоди идеяҳои реклама ва аксияҳо • Ҷалби мизоҷони нав • Таҳлили бозор ва беҳтар кардани фурӯш Талабот: ✔ Фикррони эҷодӣ ✔ Донистани маркетинги рақамӣ ✔ Масъулиятнокӣ ва фаъолият Мо пешниҳод мекунем: 💰 Маоши хуби рақобатпазир 📈 Имконияти рушд 🤝 Муҳити кори дӯстона 📩 Хоҳишмандон резюмеи худро фиристанд: 📞 Тел: 555508001 📍 Суроға: Душанбе ⚡ Ба дастаи мо ҳамроҳ шав ва якҷо рушд мекунем!
    Бовар Савдо, 25.06.2026 11:09, Душанбе
    Вакансии » Маркетинг, реклама, дизайн
  • Видео-Мейкер
    🎬 ВАКАНСИЯ: ВИДЕО-МЕЙКЕР ҶДММ «Бовар Савдо» дар ҷустуҷӯи мутахассиси эҷодкор, ташаббускор ва касбӣ барои ишғоли вазифаи Видео-мейкер мебошад. Ӯҳдадориҳои вазифавӣ: Наворбардории видеоҳои корпоративӣ, таблиғотӣ ва иттилоотӣ; Таҳия ва амалӣ намудани ғояҳои эҷодӣ барои истеҳсоли маводи видеоӣ; Монтаж, коркард ва омодасозии видеоҳо барои шабакаҳои иҷтимоӣ, сомона ва дигар платформаҳои рақамӣ; Кор бо таҷҳизоти наворбардорӣ, рӯшноӣ ва сабти овоз; Таъмини сифати баланд ва мутобиқати маҳсулоти видеоӣ ба стандартҳои ширкат. Талабот ба номзад: Таҷрибаи корӣ дар самти истеҳсол ва монтажи видео; Донистани барномаҳои CapCut Photoshop ё барномаҳои ҳаммонанд; Маҳорати кор бо камераҳои касбӣ ва нимкасбӣ; Тафаккури эҷодӣ, ҳисси баланди завқи визуалӣ ва масъулиятшиносӣ; Қобилияти иҷрои корҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида. Мо пешниҳод менамоем: ✅ Музди меҳнати арзанда ва саривақтӣ; ✅ Шароити муосир ва мусоиди корӣ; ✅ Имконияти татбиқи идеяҳои эҷодӣ; ✅ Рушди касбӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои ҷолиб; ✅ Дастгирии дастаи касбӣ ва дӯстона. 📩 Резюмеи худро ба суроғаи электронӣ: manuchehrrj1998@gmail.com 📞 Телефон барои тамос: 555508250 📍 Нишонӣ: ш. Душанбе, Мардон Агар шумо ҷаҳонро аз нигоҳи объектив мебинед ва метавонед идеяҳоро ба видеоҳои ҷолиб табдил диҳед, ба дастаи мо ҳамроҳ шавед! 🎥✨
    Бовар савдо, 25.06.2026 11:13, Душанбе
    Вакансии » Маркетинг, реклама, дизайн
  • Таргетолог
    💎 ТОП ВАКАНСИЯ: Targetолог Мо дар ҷустуҷӯи таргетологи сатҳи баланд ҳастем. Агар шумо метавонед рекламаеро идора кунед, ки натиҷа, лид ва фурӯш меорад — ин имконият барои шумост. Вазифаҳо: • Танзим ва идоракунии кампанияҳои рекламавӣ дар Meta Ads (Facebook / Instagram) • Оптимизатсияи реклама барои паст кардани CPL ва зиёд кардани ROI • Тест ва масштаб кардани креативҳо ва аудиторияҳо • Таҳлили амиқи маълумот ва беҳтарсозии стратегия Талабот: • Таҷрибаи амалӣ дар таргет (портфолио ё кейсҳо) • Фаҳмиши маркетинги рақамӣ ва аналитика • Таҷриба дар овардани лид ва зиёд кардани фурӯш • Тафаккури стратегӣ ва масъулият Мо пешниҳод мекунем: 💰 Маоши баланди рақобатпазир 🚀 Лоиҳаҳо бо буҷаи ҷиддии рекламавӣ 📈 Имконияти рушди касбӣ ва кор бо мутахассисони қавӣ 📩 Агар шумо таргетологи воқеан қавӣ бошед — CV
    Бовар Савдо, 06.06.2026 14:16, Душанбе
    Вакансии » Маркетинг, реклама, дизайн
  • SMM специалист
    📣 Ба дастаи мо SMM-мутахассиси натиҷамеҳвар лозим аст! (Target + Video Content Creator) Агар шумо танҳо постгузор нестед, балки медонед чӣ гуна тавассути маркетинг фурӯшро зиёд кардан мумкин аст, пас мо шуморо интизорем! Мо дар ҷустуҷӯи SMM-мутахассиси фаъол ва эҷодкор ҳастем, ки тавонад: ✅ Таргет-рекламаҳоро дар Instagram ва Facebook дуруст танзим ва идора намояд ✅ Видеоҳо сабт, монтаж ва барои шабакаҳои иҷтимоӣ омода кунад ✅ Контенти фурӯшанда (продающий контент) эҷод намояд ✅ Барои афзоиши фурӯш ва рушди бренд стратегия пешниҳод кунад ✅ Натиҷа нишон диҳад, на танҳо шумораи постҳо 🛍 Дар бораи мо Мо ба фурӯши либосҳои кӯдакона барои навзодон машғул ҳастем. 📍 Мағозаи асосии мо дар Бозори Корвон ҷойгир буда, солҳои зиёд дар самти савдои яклухт (оптом) фаъолият мекунем. Ҳоло мақсади мо рушди фурӯши онлайн ва зиёд намудани фурӯши чакана (дона) тавассути интернет-магазин мебошад. 🎯 Вазифаҳои шумо * Пешбурди саҳифаҳои Instagram ва Facebook * Омода намудани нақша ва стратегияҳои маркетингӣ * Ҷалби муштариёни нав * Баланд бардоштани шинохти бренд * Афзоиши фурӯш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ * Таҳлил ва беҳтарсозии натиҷаҳои рекламавӣ 💰 Шароити ҳамкорӣ * Маош: фоиз аз фурӯш + бонус аз натиҷаҳо * Формати кор: онлайн * Имконияти даромади баланд вобаста ба натиҷаҳои кор * Ҳамкорӣ бо дастаи фаъол ва рушдёбанда 🚀 Аз тарафи мо ✔️ Товар ва маҳсулоти босифат ✔️ Дастгирӣ барои татбиқи идеяҳои нав ✔️ Имконияти рушди касбӣ ва молиявӣ ✔️ Муҳити корӣ барои амалӣ намудани истеъдод ва эҷодкории шумо 🌟 Аз тарафи шумо ✔️ Пешбурди саҳифаҳо ✔️ Ҷалби муштариён ✔️ Афзоиши фурӯш ✔️ Масъулият ва натиҷамеҳварӣ Мо имконият фароҳам меорем, то шумо ҳамзамон бо рушди интернет-магазини мо, донишу ҷаҳонбинӣ, таҷриба ва маҳорати касбии худро низ рушд диҳед. Агар шумо SMM-мутахассиси амалӣ ҳастед ва метавонед натиҷаи воқеӣ ба даст оред, пас мо омодаем бо шумо ҳамкориро оғоз намоем. 📩 Барои ҳамкорӣ ба мо нависед ё занг занед. Ба паём намунаи корҳои анҷомдода ё портфолиои худро низ замима намоед. ⸻ Мо одамони натиҷамеҳварро меҷӯем, ки мехоҳанд ҳамроҳи мо бренди қавӣ ва интернет-магазини муваффақ бунёд кунанд. 🚀📈
    Мухаммад, 10.06.2026 13:16, Душанбе
    Вакансии » Маркетинг, реклама, дизайн
  • SMM-специалист
    🚀 Мо меҷӯем: SMM-менеҷер! Шумо метавонед бо контентҳои креативӣ аудиторияро ҷалб кунед ва стратегияҳои рақамиро амалӣ созед? Пас дастаи мо ба истеъдоди шумо ниёз дорад! Вазифаҳо: Идора ва рушд додани саҳифаҳои Instagram, Facebook, TikTok Эҷод ва нашри контент-план Ҷалби аудитория ва таҳлили натиҷаҳо Талабот: Таҷрибаи кор дар SMM Креатив ва масъулият Донистани барномаҳои дизайн (Canva, Photoshop ва ғайра) 📩 Резюмеи худро ба Direct/WhatsApp фиристед ва ба дастаи мо ҳамроҳ шавед!
    Бовар Савдо, 26.06.2026 08:30, Душанбе
    Вакансии » Маркетинг, реклама, дизайн
  • СММ-мутахассис
    Ба дастаи мо SMM-мутахассис (метавонад навкор ҳам бошад) лозим аст. Талабот: • Фаҳмиши хуби Instagram, Facebook ва TikTok; • Қобилияти сабт ва монтажи видеоҳои оддӣ; • Хоҳиши омӯзиш ва рушди касбӣ; • Масъулиятшиносӣ ва фаъолият дар кор. Таҷрибаи зиёд ҳатмӣ нест — мо қисми боқимондаи корро худамон меомӯзонем. Барои мо аз ҳама муҳим шавқу рағбат ба кор ва омодагӣ ба омӯзиш аст. Агар шавқманд бошед, ба Direct ё WhatsApp нависед.
    Мухаммад, 14.06.2026 17:11, Душанбе
    Вакансии » Маркетинг, реклама, дизайн


  • Договорная
    Шохин Эйрлайнз

    На сайте с мар, 2026

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust