Системный администратор УИТ
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: Филиал АК «IRS ЛТД» в ЧT
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: обслуживание дороги душанбе-чанак
Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунро барои ишғоли вазифаҳои мудири системавии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ эълон менамояд.
Ӯҳдадорӣ: мудири системавии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ бояд донад:
• Идоракунии инфрасохтори серверии ширкат;
• Иштирок дар лоиҳаҳои сохтмон ва навсозии зерсохтори ТИ;
• Омодасозии ҳуҷҷатҳои техникӣ, тартиб додани мушаххасот;
• Танзим ва назорат кардани мониторинг;
• Танзим ва назорати нусхабардории захиравӣ;
• Идоракунии парки мошинҳои виртуалӣ;
• Автоматикунонии равандҳои маъмурӣ;
• Кор бо серверҳои сахтафзор, дастгоҳҳои шабакавӣ ва системаҳои нигоҳдории маълумот;
Талабот:
• Маълумоти олии касбӣ;
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ТИ на камтар аз 3 сол дар чунин вазифа;
• Дониши аъло ва таҷрибаи амалӣ дар татбиқ ва нигоҳдории хидматҳои зерин:
Windows Server 2008/2012/2019/: AD DS, File services, RDS, WSUS, IIS, Print server, GPO, CA.
• Дониши хуби OC Linux, Asterix (ip-телефония).
• Виртуализатсия: Microsoft Hyper-V/VMware ESXi.
• Шабакаи маҳаллӣ ва Интернет: VLAN, 802.1x, NAT (SNAT, DNAT), Proxy, Firewall, Wi-fi, DNS, DHCP, NPS, Link aggregation, STP.
• СУБД: Microsoft SQL Server.
• Муҳофизати антивирус: системаҳои мутамаркази муҳофизати зидди вирусҳо.
• Хизматрасонии почта: Microsoft Exchange Server.
Дониши хуби сахтафзори таҷҳизоти муосири сервер ва системаҳои нигаҳдорӣ (монтаж, кор бо массивҳои диск, таъминоти микробарномавӣ, идоракунии дурдаст).
Шароити кор ва сатҳи пардохти музди меҳнат алоҳида баррасӣ карда мешавад. Танҳо он номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Тарҷумаи ҳоли худро тавассути почтаи электронӣ фиристед: info@irs.tj, l.fuzaylova@irs.tj; d.yatimova@irs.tj ё ба суроғаи зерин равон кунед: ш. Душанбе, к. З. Нозимов №4.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust