Управляющий
🔴 УПРАВЛЯЮЩИЙ РЕСТОРАНОМ МЕҶӮЕМ Ба мо управляющийи фаъолу масъулиятнок лозим аст, ки ресторанро мустақилона идора карда тавонад. Талабот: * таҷрибаи корӣ дар ресторан/кафе аз 2 сол; * таҷрибаи идоракунии коллектив; * назорати кухня, касса, склад ва сервис; * фаҳмиши фурӯш ва хароҷот; * интизоми баланд ва масъулият; * қобилияти кор бо KPI ва натиҷа. Мо пешниҳод мекунем: 📍 Ҷойи кор — Бохтар, Star Food 🤝 Барои мутахассиси қавӣ шароити хуби корӣ муҳокима мешавад. Агар шумо воқеан ресторанро идора карда тавонед ва натиҷа оварданро донед — резюме + рақами телефонатонро равон кунед.
6 дней назад Бохтар (Курган-Тюбе)
Сардори шуъбаи логистика ва анбор
Мо дар ҷустуҷӯи: сардори шуъбаи логистика ва анбор Вазифаҳои асосӣ: • ташкил ва идоракунии фаъолияти анбори маҳсулоти тайёр; • назорати қабул, нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ ва боркунии маҳсулот; • таъмини дурусти ҷойгиркунӣ ва нигоҳдории маҳсулот дар анбор; • назорати бақияи маҳсулот ва гузаронидани инвентаризатсия; • ташкил ва назорати саривақтии интиқоли маҳсулот ба мизоҷон; • банақшагирии масирҳои расонидани бор ва назорати кори нақлиёт; • ҳамоҳангсозии кори ронандагон ва кормандони анбор; • назорати ҳуҷҷатҳои вобаста ба қабул, барориш ва интиқоли маҳсулот; • омода намудани ҳисоботҳои зарурӣ оид ба фаъолияти анбор ва логистика; • таҳия ва татбиқи роҳҳои беҳтар намудани равандҳои корӣ. Талабот: • маълумоти олӣ (логистика, иқтисод, менеҷмент ё самти вобаста); • таҷрибаи корӣ дар соҳаи логистика, анбор ё тақсимоти маҳсулот на кам аз 3 сол; • таҷрибаи идоракунии кормандон; • донистани принсипҳои ташкили кори анбор ва равандҳои логистикӣ; • малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои анборӣ ва ҳисоботҳо; • қобилияти банақшагирӣ ва назорати равандҳои корӣ; • масъулиятшиносӣ, интизомнокӣ ва қобилияти қабули қарорҳои мустақил; • таҷриба дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ дорад. Шароити корӣ: • кори доимӣ дар ширкати рушдёбанда; • графики корӣ: аз соати 08:00 то 17:00; • муҳити хуби корӣ ва дастаи касбӣ; • маоши муносиб вобаста ба таҷриба ва малака; • имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ. Довталабони ҳавасманд метавонанд резюме (cv)-и худро ба суроғаи электронии зерин ирсол намоянд: E-mail: business_hr_1@mail.ru дар мавзӯи мактуб лутфан вазифаи интихобшударо нишон диҳед: «сардори шуъбаи логистика ва анбор».
1 месяц назад Душанбе
Роҳбари истеҳсолот
Ширкати BEHSOZ барои корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои ПВХ, алюминий, витраж ва стеклопакет роҳбари истеҳсолот қабул мекунад. Вазифаҳо: идоракунии сехи истеҳсолӣ, тақсимоти кор байни устоҳо, назорати иҷрои нақша, назорати сифат, назорати муҳлатҳо, кам кардани брак ва партов, ҳамкорӣ бо анбор, фурӯш ва монтаж, тартиб додани ҳисоботи ҳаррӯза. Талабот: таҷрибаи кор дар истеҳсолот, қобилияти идора кардани кормандон, масъулиятнокӣ, фаҳмиши нақша, андоза, сифат ва интизом. Шароити кор ноутбук тилфон. Обед ва бонус ҳангоми суҳбат фаҳмонда мешавад.
1 день назад Душанбе
Рохбари автопарк
ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ — РОҲБАРИ АВТОПАРКМо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ роҳбари автопаркро ҷустуҷӯ менамоем.Вазифаҳо:- Идора намудани автопарки корхона (нақлиёти боркаш, сабукрав ва техникаи борбардори анборӣ);- Ташкили саривақтии хизматрасонии техникӣ, таъмир ва баровардани техника ба хатсайр;- Назорати масрафи сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ, пешбурди варақаҳои роҳ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ;- Идора намудани ҳайати ронандагон, назорати интизом ва ҷадвали корӣ;- Таъмини риояи меъёрҳои санитарии нақлиёт барои интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ.Талабот:- Маълумоти техникии соҳавӣ (олӣ ё миёнаи махсус);- Таҷрибаи корӣ ба ҳайси роҳбари автопарк ё сармеханик на камтар аз 3 сол;- Донистани сохтори техникаи боркаш ва қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бор;- Малакаи кор бо барномаҳои мониторинги GPS ва низоми назорати сӯзишворӣ;- Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва идоракунӣ.Шароитҳои кор:- Ба кор қабул намудан тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Маоши устувор (ҳаҷм дар рафти суҳбати корӣ муайян карда мешавад);- Ҷадвали корӣ: 6/1, аз соати 08:00 то 17:00;- Кор дар ҳудуди корхонаи нав ва муосир.Тарзи муроҷиат:- Номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд.Мавзӯи нома: «Роҳбари автопарк».
3 недели назад Душанбе