Мутахассиси калони қарзӣ
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: ФҚХ Фонди бозтамвил
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: микрокредитная организация
Фонди бозтамвил» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Давлатии Олмон ва Бонки осиёгии рушд, ҷиҳати мусоидати хизматрасониҳои молиявӣ ба ташкилотҳои қарзие, ки аз ҷониби БМТ танзим карда мешаванд таъсис дода шудааст. Мақсади Фонд васеъ намудани дастрасии аҳолии фаъоли иқтисодӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди соҳибкорӣ ва устувор намудани бахши молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фонд вазифаҳои худро асосан тавассути пешниҳоди қарзҳо ба бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби воситаҳои худӣ, ё маблағҳои ташкилотҳои донории байналмиллалии молиявӣ, воситаҳои пулии қарзӣ аз ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ иҷро менамояд.
ФҚХ “Фонди бозтамвил” ба вазифаи мутахассиси калони қарзии шуъбаи қарздиҳӣ озмун эълон менамояд:
Дар бораи кор: Мутахассиси калони қарзӣ дар раванди пешниҳод ва мониторинги қарзҳо иштирок менамояд, сар карда аз баҳогузории хавфҳои қарзӣ, таҳияи маҳсулотҳои қарзӣ ва пешниҳоди қарзҳои байнибонкӣ мутобиқ ба сиёсати қарзии Фонд санадҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Уҳдадориҳои вазифавӣ: Мутахассиси калони қарзӣ дар фаъолияти худ уҳдадор аст:
донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ, сиёсати қарзӣ ва дигар санадҳои дохилие, ки фаъолияти Фондро ба танзим медарорад;
мусоидат намудан дар омода намудани дархости қарзӣ (ташкилотҳои қарзии молиявӣ) ва дигар ҳуҷҷатгузориҳо;
ба таври мустақил анҷом додани таҳлилҳои ҳамаҷонибаи (ташкилотҳои қарзии молиявӣ);
ба таври мустақил баҳогузорӣ намудани амволи ғайриманқули ба сифати гарав пешниҳодшаванда;
таҳлили саривақтии мизоҷ ва ба пуррагӣ омода намудани маълумоти муфассал дар бораи мизоҷи эҳтимолӣ – ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи қонунгузориҳои ҷорӣ ва таҷрибаи идоракунии Фонд;
таъмин ва таҳлили босифати ҷамъоварии маълумотҳо барои пешниҳод ба ҷаласаи Кумитаи қарзии Фонд;
омода намудани пешниҳод оид ба қарори ниҳоии Кумитаи қарзӣ дар бораи дархости қарзӣ тибқи Сиёсати қарздиҳии Фонд;
таъмини иҷроиши тартиби муқарраргардида вобаста ба самти қарздиҳии Фонд;
назорат ва анҷом додани мониторинги истифодабарии қарзҳо, пардохти қарзҳо тибқи қарори Кумитаи қарзӣ ва талаботҳои ҷории Фонд;
таъмини иҷроиши саривақтии супоришҳои бевосиати роҳбарияти Фонд.
Талаботи тахассусӣ:
маълумоти олӣ дар низоми молия ва иқтисодӣ;
таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ (на кам аз 3 сол) дар самти таҳлил ва пешниҳоди қарз;
баҳодиҳии хавфҳои бонкӣ ва самаранок идора намудани онҳо;
донистани қонунҳо ва санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бонкдорӣ;
доштани малакаи хуби муошират ҳам ба таври шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ;
маҳорати хуби навишт дар омода намудани ҳисоботҳо;
донистан ва истифодаи дурусти барномаҳои Word, Excel ва Mfsys.
донистани забони тоҷикӣ ва русӣ (аъло) англисӣ афзалият дорад.
шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номзадҳо метавонанд резюме ва мактуби тавсиявии худро ба почтаи электронии зерин ирсол намоянд: office@rfund.tj
Телефон барои маълумоти иловагӣ: (+992) 433 777 770.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то «03» майи соли 2026.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust