Рохбари автопарк
ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ — РОҲБАРИ АВТОПАРКМо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ роҳбари автопаркро ҷустуҷӯ менамоем.Вазифаҳо:- Идора намудани автопарки корхона (нақлиёти боркаш, сабукрав ва техникаи борбардори анборӣ);- Ташкили саривақтии хизматрасонии техникӣ, таъмир ва баровардани техника ба хатсайр;- Назорати масрафи сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ, пешбурди варақаҳои роҳ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ;- Идора намудани ҳайати ронандагон, назорати интизом ва ҷадвали корӣ;- Таъмини риояи меъёрҳои санитарии нақлиёт барои интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ.Талабот:- Маълумоти техникии соҳавӣ (олӣ ё миёнаи махсус);- Таҷрибаи корӣ ба ҳайси роҳбари автопарк ё сармеханик на камтар аз 3 сол;- Донистани сохтори техникаи боркаш ва қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бор;- Малакаи кор бо барномаҳои мониторинги GPS ва низоми назорати сӯзишворӣ;- Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва идоракунӣ.Шароитҳои кор:- Ба кор қабул намудан тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- Маоши устувор (ҳаҷм дар рафти суҳбати корӣ муайян карда мешавад);- Ҷадвали корӣ: 6/1, аз соати 08:00 то 17:00;- Кор дар ҳудуди корхонаи нав ва муосир.Тарзи муроҷиат:- Номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд.Мавзӯи нома: «Роҳбари автопарк».
4 недели назад Душанбе
Мутахассиси қарзӣ дар Бохтар
ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия” ба вазифаи Мутахассиси қарзӣ бо тариқи озмун ба кор қабул менамояд. Маркази хизматрасонии маблағгузории хурд. Музди маош – шартномавӣ. Ҳуҷҷатҳоро метавонед ба суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ №203 "б", ё почтаи электронии vacancy@azizimoliya.tj ирсол намоед.Телефон барои тамос: (92) 909-12-04 (44) 630-20-10
3 недели назад Бохтар (Курган-Тюбе)
Мутахассис амалиётгар
ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия” ба вазифаи Мутахассис амалиётгар бо тариқи озмун ба кор қабул менамояд. Маркази хизматрасонии маблағгузории хурд.Музди маош – шартномавӣ.Ҳуҷҷатҳоро метавонед ба суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ №203 "б", ё почтаи электронии vacancy@azizimoliya.tjирсол намоед.Телефон барои тамос: (92) 909-12-04(44) 630-20-10
3 недели назад Худжанд
Сардори Шуъбаи қарзӣ
Тавсифи вазифа• назорати фаъолияти Шӯъбаи қарзӣ;• назорати таҳия ва иҷрои нақшаи кории кормандони Шӯъбаи қарзӣ (дар ҳолати зарурӣ ворид намудани тағйирот ба нақшаҳои корӣ);• банақшагирӣ, ташкил ва иштирок дар ҷаласаҳои Кумитаи қарзии филиал;• гузаронидани мониторинги банақшагирифтаи қарзҳои додашуда, инчунин банақшагирӣ ва ташкили санҷиши ногаҳонии қарзҳои додашуда;• дар гузаронидани таҳлили иқтисодию молиявӣ ва арзёбии гарав тибқи «Низомнома дар бораи ваколат барои гузаронидани таҳлили иҷтимоию молиявии тиҷорати қарзгирандагон»;• назорати татбиқи нақшаҳои рушди сандуқи қарзӣ аз ҷониби зердастон;• идоракунии сифати сандуқи қарзӣ, таҳия ва татбиқи нақшаи корӣ нисбати қарзҳои мушкилситон мувофиқи Низомномаи Бонк;• гузаронидани ҷаласаҳои нақшавӣ ва ғайринавбатии Шӯъбаи қарзӣ;• омодасозии ҳисоботи ҳармоҳа оид ба фаъолияти Шӯъбаи қарзӣ ва пешниҳоди ҳисобот ба директори филиал;• ташкил ва нигоҳ доштани муҳити мусоиди корӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар ташаккули рӯҳияи даставӣ дар дохили сохтор;• иҷрои дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори филиал вогузор карда мешаванд.Талабот• собиқаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ на кам аз 3 сол;• донистани заминаи меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи қарздиҳӣ;• доштани малакаи кофӣ барои гузаронидани таҳлили молиявии фаъолияти қарзгирандагони эҳтимолии Бонк;• малакаи гузаронидани омӯзиш барои кормандони соҳаи қарздиҳӣ;• донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ ҳисобида мешавад);• донистани барномаҳои компютерӣ (MS Office: Word, Excel, PowerPoint ва Outlook).Эзоҳ: Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи вазифаи мазкур ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.Шароити кор ва сатҳи музди меҳнат ба таври инфиродӣ баррасӣ карда мешаванд.Лутфан, резюме (CV)-и худро бо забони тоҷикӣ ё русӣ то 30 августи соли 2026 ба суроғаи электронии info@capitaltrust.tj ирсол намоед.
2 недели назад Душанбе
