Роҳбарои шуъбаи фуруш
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: ООО Кондитерская фабрика «Амири»
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Дистрибуция
Дар бораи мо:
Фабрикаи қаннодии «Амирӣ» — яке аз калонтарин ва машҳуртарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти қаннодӣ дар Тоҷикистон ба хисоб меравад, ин ширкат дар марҳилаи нави рушд ва тарақи қарор дорад.
Мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ роҳбарони тавоно, ҷасур ва боистеъдодро ҷустуҷу дорем. Ба мо роҳбарон дар шуъбаи фуруши шаҳри Бохтар ва Кулоб лозиманд.
Сифатҳои шахсӣ:
Мо нафаронеро ҷустуҷу дорем, ки на танҳо вазифаҳоро иҷро менамоянд, балки дар таҳкими мавқеи ширкат ва расидан ба ҳадафҳои баланд нақши таъсирбахш дошта бошанд.
Агар шумо худро роҳбари далеру ҷасур, бомасъулият ва малакаи баланди кори дошта ҳисоб кунед пас мо шуморо ҷустуҷу дорем.
Талаботи мо:
• Дорои маълумоти олӣ;
• Таҷрибаи кофӣ дар соҳаи фурӯш ва роҳбарии шуъбаи фурӯши минтақавӣ аз 1 то 2 сол.
• Фаҳмиши раванди фурӯш: Усулҳои фурӯш, кор бо эътирозҳо, идоракунии фурӯш, CRM.
• Қобилияти кор бо меъёрҳо ва стандартҳо, пешгӯӣ кардан аз руи маълумот, таҳлили маълумот барои тағйир додани стратегия.
• Нақшакашии стратегӣ: Таҳия ва иҷрои стратегияҳо, идоракунии захираҳо ва буҷет.
• Идоракунии даста: Интихоб, омӯзиш, мотиватсия, ҳалли низоъҳо, рушди кормандон.
• Маҳорати музокирот: Қобилияти гузаронидани музокирот бо мизоҷони калидӣ, ҳимояи манфиатҳои ширкат.
• Истифодаи техника: Таҷрибаи кор бо компютер ва системаҳои CRM (1С).
Пешниҳоди мо:
• Ҷадвали кории 6-рӯза, якшанбе — рӯзи истироҳат.
• Музди меҳнат аз нархи бозор якчанд мартиба баланд аст. Ҳаҷми музди меҳнат ҳангоми мусоҳиба эълон карда мешавад.
• Бо манзил дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб таъмин карда мешавад.
• Имкони кӯчидан бо оила мавҷуд аст. Хароҷоти роҳпулӣ ҷуброн карда мешавад. Қабули расмӣ ба кор тибқи Кодексии меҳнатии ҶТ анҷом дода мешавад.
Агар хоҳед узви дастаи мо гардед, бо мо тамос гиред.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust