Мутахассиси калони департаменти хазинадорӣ

Душанбе
Опубликовано: 09.12.2025 09:10 Номер объявления: 15136523
  • Стаж: от 1 года
  • Название, адрес компании: ул.Пушкино 10
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Банк
Локация: Душанбе

Тахассус ва малакаҳои зарурӣ:

• Доштани дараҷаи магистр ё ҳадди ақал бакалавр дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ ё дигар ихтисосҳои марбут;

• Ҳадди ақал 1 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи хазинадорӣ;

• Доштани шаҳодатнома асосҳои ҳисобдории бухгалтерӣ;

• Собиқаи муваффақи бастани шартномаҳо, таҳлили бозор, идоракунии пардохтпазири;

• Донистани маҳсулоти бонкӣ;

• Қобилияти дастгирии дигар кормандон тавассути ҳалли масъала, омӯзиш ва дастгирӣ;

• Дониши барномаҳои MS Office ва маҳорати хуби кор бо компютер;

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарӣ медиҳад.

Вазифаҳо ва масъулиятҳои асосӣ:

• Банақшагирӣ, харидорӣ аз сарчашмаҳои гуногун ва тақсимоти пули нақд

• Омодасозии ҳисоботҳои дохилӣ;

• Иштирок дар музоядаҳои коғазҳои қиматноки Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ);

• Иштирок дар амалиёти амонатии шабонарӯзии БМТ (Овернайт);

• Омодасозии пардохтҳо барои амалиётҳои анҷомёфта бо дигар бонкҳо;

• Хориҷ кардани амалиётҳо аз низоми ЦФТ (дар ҳолати хатои кормандони хазинаи мубодилаи асъор);

• Дархости пули нақд ва тангаҳои филизӣ аз Бонки Миллӣ тибқи дархости филиалҳо;

• Ҷавоб додан ба мактубҳои Шуъбаи хавф оид ба аз меъёри тасдиқшудаи роҳбарият зиёд шудани маблағ дар филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ (МХБ) ё суратҳисобҳои муросилотии бонк;

• Ташкили додугирифти пули нақд байни филиалҳо;

• Назорати мавҷудияти пули нақд дар ҳамаи филиалҳои бонк (барои ҳамаи асъорҳо);

• Дархост барои интиқоли пулҳои фарсуда ба Бонки Миллӣ;

• Дархост ба филиалҳо барои интиқоли пули нақд ба НБТ-Спот;

• Пур кардани суратҳисобҳои муросилотӣ тибқи дархости Шуъбаи низоми пардохт (SWIFT);

• Назорат ва бойгонӣ кардани ҳуҷҷатҳо (ҳуҷҷатҳои БМТ, ҳуҷҷатҳои дохилӣ, шартномаҳои байни бонкҳои муросилотӣ);

• Ва иҷрои дигар супоришҳои роҳбарият вобаста ба фаъолияти Департаменти хазинадорӣ.

Довталабони хавасманд метонанд резюмеи худро ба почтаи электрони hr@icb.tj ирсол намоянд.

Похожие объявления

  • Менеҷери шуъбаи мониторинг ва тафтишоти қаллобӣ
    ICB вазифаи Менеҷери шуъбаи мониторинг ва тафтишоти қаллобӣ дар дохили департаменти комплаенс эълон менамояд. Вазифаҳо/Уҳдадориҳои асосӣ:• Таҳлили амалиётҳои Бонк бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ ва баҳодиҳии хавфҳои қаллобӣ;• Баррасӣ ва такмили сенарияҳои Низоми зидди қаллобӣ бо мақсади фаро гирифтани ҳамаи амалиётҳои бонкӣ;• Ҳамкорӣ бо кормандони хизматрасонии мизоҷон барои ҳалли ҳолатҳои эҳтимолии қаллобӣ;• Гузаронидани тафтишот оид ба ҳолатҳои эҳтимолии қаллобӣ ва омода намудани ҳисоботи мувофиқ барои роҳбарият;• Муайян кардани рафтори ғайриоддии мизоҷон ва кормандон;• Назорати риояи қоидаҳо ва расмиёти зидди қаллобӣ дар Бонк;• Таҳияи қоидаҳои дахлдори дохилӣ (сиёсат, расмиёт, дастурҳо ва ғ.);• Пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо барои рушди Низоми зидди қаллобӣ;• Дигар фаъолиятҳои марбута ҷиҳати пешгирии амалҳои қаллобӣ дар Бонк.Малакаҳои асосӣ / Таҷриба:• Маълумоти олӣ дар соҳаи бонкӣ, технологияҳои иттилоотӣ ё дар ҳама гуна соҳаи марбут;• На камтар аз 3 сол таҷрибаи амалӣ дар татбиқи принсипҳо ва амалияи идоракунии зидди қаллобӣ;• Дониши хуби усулҳои пешгирии қаллобӣ, ошкор ва идоракунии қаллобӣ;• Донистани равандҳои хизматрасониҳои пардохтӣ;• Донистани каналҳои гуногуни пардохт (онлайн бонкинг, кортҳо, банкоматҳо, API-ҳо);• Малакаи таҳлили амалиётҳои бонкӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;• Таҷриба дар пешгирии қаллобӣ;Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тавассути почтаи hr@icb.tj ирсол намоянд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 04.12.2025 16:05, Душанбе
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг


  • Договорная
    Инвестиционно-Кредитный банк Инвестиционно-Кредитный банк

    На сайте с фев, 2017

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust