Мутахассиси шуъбаи кормандон
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ"
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Фаъолияти бонкӣ
ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ" барои ишғоли вазифаи «Мутахассиси шуъбаи кормандон (HR)» озмун эълон менамояд.
Ҷойи кор: шаҳри Душанбе
Навъи шартнома: доимӣ (бо муҳлати санҷишӣ)
Музди меҳнат: шартномавӣ
ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• Пешбурди корҳои баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатгузории кормандон;
• Ташкили равандҳои қабули кормандон, тағйири вазифа ва аз кор озодкунӣ;
• Назорат ва таҳияи шартномаҳои меҳнатӣ, фармонҳо ва дигар санадҳои кадрӣ;
• Омода намудани ҳисоботҳо оид ба ҳайати кормандон;
• Иштирок дар таҳияи сиёсати кадрӣ ва системаҳои ҳавасмандгардонӣ;
• Кӯмак дар ташкили омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандон;
• Муошират бо кормандон оид ба масъалаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ.
ТАЛАБОТҲОИ ТАХАССУСӢ:
• Таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё идоракунӣ (бартарӣ ба соҳаи идоракунии захираҳои инсонӣ дода мешавад);
• Камаш 1 соли таҷрибаи корӣ дар бахши кадрҳо/HR ё ҳуқуқи меҳнат;
• Донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меҳнат» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
• Маҳорати хуби кор бо компютер (MS Office, Excel, 1C HRM – афзалият дорад);
• Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (англисӣ бартарӣ дорад);
• Таваҷҷуҳи баланд ба тафсилот, масъулиятшиносӣ ва маҳорати хуби муошират.
МУҲЛАТИ ҚАБУЛ:
Ҳуҷҷатҳо то санаи 07.10. 2025 сол, дар суроғаи зерин қабул карда мешаванд:
ш. Душанбе, кӯчаи А.Сино бинои 29/2, Блоки Б, ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ", шуъбаи кормандон.
Почтаи электронӣ барои ирсоли ҳуҷҷатҳо: hr@payvand.tj
Телефон барои маълумот: (+992) 981110690
Похожие объявления











Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust