Исполнительный директор
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: ТЧ "Махина"
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Партнёрство
И. В. ДИРЕКТОР – ШАРИК (Партнёр)
ВАЗИФАИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА:
Иҷрокунандаи вазифаи директори Ташкилоти ҷамъиятии «Махина» – Шарик (Партнёр) (бо имкони шарикӣ дар идоракунӣ ва рушди минбаъдаи лоиҳаҳо)
Ташкилоти ҷамъиятии «Махина» ҷиҳати амалишавӣ ва идоракунии лоиҳаи нави Маркази салоҳиятнокӣ ва омӯзишӣ дар самти ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва ёрии аввалия дар корхонаҳо озмуни кушод эълон менамоянд.
Мақсади лоиҳа – таъсис ва рушди як маркази муосир барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон ва мутахассисони соҳа оид ба стандартҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарии касбӣ мебошад.
ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
Идора ва ҳамоҳангсозии раванди амалисозии лоиҳа;
Ташкили равандҳои омӯзишӣ, ҷалби мутахассисон ва омӯзгорон;
Назорати молиявӣ ва ташкили раванди маркетинг;
Ҳамкорӣ бо шарикон, муассисаҳо ва мизоҷони эҳтимолӣ;
Таъмини иҷрои талаботи стандартҳои қонунгузории соҳа (иҷозатнома, муҳтаво ва сифат).
ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
Таҳсилоти олӣ (бахусус дар самти менеҷмент, муҳандисӣ, ҳуқуқ ё соҳаи тиб бартарӣ дорад);
Таҷрибаи кори роҳбарикунанда (на камтар аз 3 сол);
Дониши хуб дар самти ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ё омӯзишҳои касбӣ;
Қобилияти ташкили тиҷорат ё лоиҳаҳои иҷтимоӣ;
Малакаи муоширати хуб ва кор бо даста;
Омодагӣ ба ҳамкории шарикӣ дар идоракунӣ ва рушд.
МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:
Иштирок дар як лоиҳаи иҷтимоӣ ва инноватсионӣ бо аҳамияти миллӣ;
Имконияти роҳбарии мустақилона ва иштироки баробар дар идоракунӣ;
Муқаррар намудани шартҳои ҳамкорӣ бо назардошти саҳм ва нақшаи рушд;
Шароити кории муносиб ва дастгирии муассисон дар марҳилаҳои аввалия.
ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД:
Шахсони хоҳишманд метавонанд резюме (CV) ба почтаи электронии mir-74@bk.ru ирсол намоянд.
Маълумоти иловагиро аз соати 9:00 то 18:00 дар рузҳои корӣ тариқи Телефони +992 933011229, WhatsApp: 933011229 Telegram: 933011229 метавонед гиред.
Похожие объявления







Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust