Директори Маркази Хизматрасонии Бонки
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: ш. Душанбе, к. Ҷаббор Расулов 10
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Банк
Дар бораи мо
ҶСП ТАҚХ “Бизнес Капитал” — ташкилоти хурди қарздиҳии босуръат рушдкунанда мебошад, ки дар маркази Тоҷикистон ҷойгир аст.
Кор дар Бизнес Капитал
Бизнес Капитал мутахассисони ташаббускор, ҳадафманд ва ба кори худ содиқро ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Агар шумо ба донишҳои нав омода бошед, ба амалӣ намудани ғояҳои ҷасурона майл дошта бошед ва хоҳед, ки якҷоя бо дастаи мутахассисон рушд кунед, пас ба мо ҳамроҳ шавед!
Вакансия: Сардори Маркази Хизматрасонии Бонкӣ (МХБ)
Вазифаҳои асосӣ:
• Ташкил ва назорат-и кори самараноки Маркази Хизматрасонии Бонкӣ, таъмини ҳамкории байни воҳидҳо ва назорати иҷрои нақшаҳои МХБ.
• Назорат-и амалиётҳои хазинавӣ ва боқимондаи маблағҳои пулӣ мутобиқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон ва низомномаҳои дохилии Бонк.
• Амалисозии расмиёти кушодан ва пӯшидани хазина бо тартиби муқарраргардида.
• Таъмини муоширати самаранок ва ҳамкорӣ бо филиали дахлдор ва департаментҳои Дафтари Марказӣ.
• Назорат-и риояи интизоми меҳнатӣ ва иҷроия аз ҷониби кормандони МХБ.
• Таъмини иҷрои вазифаҳои мансабӣ, фармоишҳо ва дастурҳои роҳбарияти Бонк ва филиал аз ҷониби кормандони МХБ.
• Намояндагии манфиатҳои Бонк дар муассисаҳо ва ташкилотҳои гуногун дар доираи ваколатномаи додашуда.
• Татбиқи чорабиниҳо оид ба маркетинги корпоративӣ дар МХБ ва пешбурди маҳсулоти бонкӣ дар байни муштариёни эҳтимолӣ.
• Таъмини фаъолияти низоми сигнализатсияи муҳофизатӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк.
Талабот:
• Маълумоти олии иқтисодӣ.
• Собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 3 сол, аз ҷумла собиқаи корӣ дар вазифаҳои роҳбарикунандаи воҳиди сохтории бонк аз 2 сол.
• Дониши қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
• Малакаи мураттабсозӣ ва сохторбандии ҷараёни корӣ.
• Сатҳи баланди масъулиятнокӣ ва иҷроия.
• Қобилияти таҳлилӣ ва тафаккури мантиқӣ.
• Вафодорӣ нисбат ба кормандони Бонк ва эҳтироми рақобаткунандагон.
• Донистани ду забон аз се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ.
• Дониши комили компютер (MS Office ва дигар барномаҳои зарурӣ).
Шароити кор:
• Ба расмият даровардан мутобиқи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
• Рӯзи кори пурра, ҷадвали корӣ 5/2.
• Музди меҳнати рақобатпазир ва низоми мукофотпулӣ.
• Имкониятҳо барои омӯзиши касбӣ ва баланд бардоштани тахассус.
• Перспективаҳои рушди касбӣ ва мансабӣ.
Барои пешниҳоди ариза резюмеи худро ба суроғаи электронии hr@bcbank.tj ирсол намоед. Лутфан, дар мавзӯи нома "Сардори МХБ"-ро нишон диҳед.Телефони тамос: +992 446301111 (рақам иловагии 4 баъд аз интихоби забон) Вебсайт: www.bcbank.tj
Похожие объявления






Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust