Мутахассис оид ба хавфҳо
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: ш. Душанбе, 2 гузаргох кучаи Шарк 14
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: микрокредитование
ҶДММ ТҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд.
ҶДММ ТҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд.
Вазифаи ишғолкунанда: Мутахассис оид ба хавфҳо
Ҷои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)
Вазифаҳои асосӣ:
• Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маблағгузории хурд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
• Донистани сиёсатҳо ва дастурамалҳои дохилии марбут ба кори идоракунии хавфҳо;
• Сафарҳои кории даврӣ барои гузаронидани санҷиши амалиётҳо дар намояндагиҳои ташкилот (зиёда аз 60% вақти корӣ дар сафари хизматӣ дар ҳудуди ҶТ);
• Баррасӣ ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба қарзҳои пешниҳодшуда барои Кумитаи қарзии Саридора;
• Иштирок дар таҳлили молиявии қарзҳо;
• Гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо оид ба идоракунии хавфҳо барои кормандони ташкилот;
• Тайёр кардан ва пешниҳоди ҳисоботҳо дар бораи натиҷаҳои кори анҷомдодашуда;
• Азнавсозӣ ва тартиб додани ҳисоботҳо (Excel) дар барномаҳои махсуси таҳлилии хавфҳои қарзӣ, амалиётӣ ва молиявӣ;
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олӣ;
• Таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои молиявӣ, ҳадди аққал 3 сол (таҷриба дар чунин вазифа бартарӣ дорад);
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад);
• Маҳорати кор бо барномаҳои компютерии MS Word, Excel, PowerPoint, Outlook (малакаҳои қавии Excel бартарӣ доранд);
• Қобилияти зуд омӯхтан;
• Муоширати хуб доштан.
Шароити корӣ:
• Пардохти саривақтии музди меҳнат;
• Имкони пешравӣ дар мансаб;
• Тренингҳо ва таълим;
• Пардохти алоқаи мобилӣ.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд:
ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org
Муҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 16 апрели соли 2025.
Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10
Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
Похожие объявления









Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust