Директори филиал
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: г.Хуҷанд, ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Бонк
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
Вазифаи: Директори филиал
Ҷои фаъолият: ш.Хуҷанд
Вазифаҳои асосӣ:
• Идора намудани филиал ва омӯзиши кормандони филиал;
• Фаъолияти самаранок ва дурусти тамоми низомҳо дар филиал;
• Санҷиши муқоисавии ҳамарӯзаи пули нақди мавҷуда бо маълумоти ҳисоботӣ;
• Муайян намудани зарурати тренинг барои кормандон ва дар бораи ин ба Саридора хабар додан;
• Пешбурди фаъолияти тиҷоратии филиал (қарзҳо, пасандоз, интиқоли пули ва кортҳои бонкӣ);
• Назорати фаъолияти тиҷоратии Ташкилот, махсусан назорат аз болои сандуқи қарзҳо, ёрӣ расондан ба кормандони идораи қарзҳо ва назорати кофии қарзҳо, ки таҳти тафтиш қарор доранд;
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олии самти иқтисодӣ.
• Таҷрибаи кори дар самти идоракуни на кам аз 3 сол;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• Донистани асосҳои идоракунии хавфҳо;
• Донистани барномаҳои компютерӣ ва коркуни бо почтаи электронӣ.
Шароити хуби кори:
• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
• Имконияти болоравии мансабӣ.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи деҳи боло 180 ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: info@lolc.tj
Муҳлати охирин барои қабули CV то 10 марти соли 2025.
Рақами телефон: (992) 98-478-37-37., 44 610 00 55
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
Похожие объявления








Следите за обновлениями в разделе "Избранное"