Мутахассиси мониторинги қарзҳо
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: к. Пушкин 10
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Бонк
ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” вазифаи Мутахассиси мониторинги қарзӣ барои филиалҳои бонк дар ш.Душанбе эълон менамояд.
Ишғолкунандаи вазифаи мазкур барои гузаронидани мониторингҳои пеш аз тавзеъи қарзҳо, баъд аз тавзеъи қарзҳо, таъмин намудани санҷиши сифати фаъолияти коргузории кормандони қарзӣ дар мувофиқа бо талаботҳои стандартии дохилии Бонк ва барои кохиш додани хавфҳои амалиётҳои қарзӣ вазифадор мебошад.
Вазифаҳои асосӣ:
1. Гузаронидани мониторинги истифодабарии қарзҳо;
2. Гузаронидани мониторинги доимии қарзҳо;
3. Гузаронидани мониторинги молиявии қарзҳо;
4. Гузаронидани мониторинги тасдиқи бақияи қарзҳо;
5. Гузаронидани санҷиши мизоҷ пеш аз тавзеъи (СМПТ) қарзҳо;
6. Гузаронидани нархгузории гарав;
7. Гузаронидани азнавбаҳогузории гарав;
8. Таҳия ва пешниҳод намудани ҳисоботи умумии ҷамъбастӣ оиди натиҷаҳои мониторинг ба шуъбаи Назорати қарзҳои Сарбонк;
9. Пешниҳод намудани тавсияҳои машваратӣ оиди кам намудани хавфҳои амалиётии қарзӣ дар асоси натиҷаҳои мониторинг ба шуъбаи Назорати қарзҳои Сарбонк;
Талаботҳо:
- Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё Бонкдорӣ;
- На камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ, бартарият ба таҷриба дар бахши қарздиҳӣ дода мешавад;
- Дониши хуби забони точикӣ, русӣ ва бартарият ба забони англисӣ.
- Малакаҳои қавии риёзӣ ва таҳлилӣ;
- Малакаҳои олии компютерии одатан аз тарафи Бонк талабшуда;
- Дигар омилҳои асосӣ:
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронӣ hr@icb.tj на дертар аз 12 марти соли 2025 фирсонанд.
Танҳо номзадҳои интихобшуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Похожие объявления









Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust