Офис-менеҷер
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: Душанбе, Айни 40
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Консалтинг
Fardo Group ширкати ватание, ки дар самтҳои консалтинг, аутсорсинг, Карго, хариду фурӯши маҳсулот аз Хитой ва дигар самтҳо фаъолият менамояд. Айни замон баҳри пешбурди кори идора ба мо як нафар офис-менеҷер лозим аст:
Вазифаҳои корӣ:
• Таъмини фаъолияти мунтазами офиси корӣ;
• Қабули фармоиши мизоҷон;
• Ҷавоб гардонидан ба саволҳои мизоҷон, ба зангҳои мизоҷон;
• Таъини вохӯриҳо;
• Назорат аз болои кори телеграмм-бот;
Талаботҳо ба номзад:
Донистани барномаҳои Microsoft office (Excel, Word);
Доштани малакаи корӣ бо сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла: Instagramm, Tiktok, Facebook;
Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ (хитойӣ бартарият дорад).
Мо қадр мекунем:
Боэҳтиромию инсондӯстӣ;
Масъулиятшиносию ташкилотчигӣ;
Чеҳраи кушода ва табассуми зебо.
Пешниҳодҳои мо:
Маоши хуб;
Бақайдгирӣ тибқи Кодекси меҳнат;
Тими ҷавон бо мақсадҳои бузург;
Рушди шахсӣ ва фаъолияти корӣ.
Хоҳишмандон метавонанд, резюмеи худро ба почтаи электронии azizovzulfikor1992@gmail.com равон кунанд ва ё ба рақамҳои 876 86 9999 занг зананд.
Имкониятро аз даст надиҳед!
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"