Муҳосиб - Нозир дар ш.Ваҳдат
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: IBT.tj
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Финансы
Тими мо дар ҷустуҷӯи муҳосиб-нозир мебошад, ки мехоҳад малакаҳои худро дар бахши ҳисобдории муҳосибӣ ва пешбурди ҳуҷҷатҳо такмил диҳад. Ин беҳтарин имконият барои рушди мансабӣ дар соҳаи молия мебошад
Кор дар IBT ин:
• Фаъолияти расмӣ, ҷадвали кории 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ
• Музди устувори меҳнат, мукофотпулӣ барои натиҷаҳои хуб ва низоми шаффофи KPI
• Шартҳои махсус барои истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо барои ғизо ва алоқаи корпоративӣ
• Тренинг, омӯзиш ва курсҳои мунтазами таълимӣ барои рушди мансабӣ
• Фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва тамоми шароит барои бозкушоии иқтидори фардӣ
Вазифаҳои асосии шумо инҳо хоҳанд буд:
• Пешбурди баҳисобгирии молиявӣ ва коркарди маълумот
• Омодасозии ҳисоботи аввалия, таҳлили он ва иҷрои вазифаҳои асосии муҳосиботӣ
• Коркарди дархостҳои қарзӣ, пешбурди ҳисоботҳо ва таъмини мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ
• Ҳамроҳии муомилоти қарзӣ ва таъмини мутобиқат ба талаботи Бонк
Ин кор барои Шумост, агар Шумо:
• Таҳсилоти олӣ ё махсус дар бахши баҳисобгирии муҳосибӣ, молия ё фанҳои ба он алоқаманд дошта бошед
• Донишҳои заминавии соҳаи баҳисобгирии муҳосибиро дошта бошед ва бо ҳаҷми зиёди ҳуҷҷатҳо кор карда тавонед
• Бо Excel озодона кор карда тавонед (формулаҳо, ҷадвалҳои ҷамъбастӣ, коркарди маълумот)
• Ба ҷузъиёт таваҷҷуҳкор ҳастед, тафаккури таҳлилӣ дошта бошед ва бо рақамҳо кор карда тавонед
Дар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви дастаи IBT шавед
Телефони Маркази тамос: 1155
Похожие объявления
![Роҳбари МХБ, ш. Ваҳдат](https://cdn.somon.tj/media/cache1/6b/c5/6bc5000c6c5b29ed02c87547283eb529.webp)
![Стажер кредитного отдела г. Вахдат](https://cdn.somon.tj/media/cache1/ac/53/ac53ace077485c2615329fdac4884b19.webp)
![Бонкир - Коршиноси қарзӣ дар ш.Ваҳдат](https://cdn.somon.tj/media/cache1/51/09/5109bbefc7c98dbe99d65d49fe27b68e.webp)
![Специалист по розничному бизнесу в Вахдат](https://cdn.somon.tj/media/cache1/30/01/30012f46d5a2c8338dc10f82e87c0012.webp)
![Мутахассис оид ба Хизматрасонии Мизоҷон дар ф. Вахдат](https://cdn.somon.tj/media/cache1/7d/65/7d650a1d5df5efbfe625361d28b075c6.webp)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img1_scan.ffe9a7ec4032.jpg)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img2_face.be8f02674290.jpg)
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"