Мутахассиси хурди комплаенс
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: Душанбе, кучаи Деҳи боло-180
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Бонк
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” ташкилоти амонати қарзии хурд буда, муассисаш “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад, ки дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС “Молия” дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
Вазифаи: Мутахассиси хурди комплаенс (мувофиқа)
Ҷои фаъолият: ш.Душанбе (Саридора)
Вазифаҳои асоси:
• Низоми идоракунии хавфи комплаенс (мувофиқа)-ро таъмин менамояд;
• Ҳисоботҳои заруриро дар барномаи MS Excel ворид менамояд;
• Аз дигар воҳидҳои сохтории Ташкилот мавод ва маълумотҳои заруриро барои ҳалли саривақт ва босифати масъалаҳои вобаста ба хавфи комплаенсро талаб менамояд.
• Ба сардори шӯъба оиди ҳамаи масъалаҳои дар пеш омада ёри мерасонад;
• Таҳлили самаранокии системаи назорати дохилӣ ва коркарди иттилоотро таъмин менамояд;
• саривақт, пурра ва саҳеҳ ба мактубҳо ва дархостҳо, ки ба самти комплаенс (мувофиқа) тааллуқ доранд ҷавоб медиҳад.
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олӣ, бакалавр, олии нопурра.
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• Донистани асосҳои идоракунии хавфи комплаенс (мувофиқа) афзалият дорад;
• Донистани барномаҳои компютерӣ (MS Office).
Шароити хуби кори:
• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
• Имконияти болоравии мансабӣ.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи деҳи боло 180 ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: info@lolc.tj
Муҳлати охирин барои қабули CV то 15 январи соли 2025.
Рақами телефон: (992) 98-478-37-37., 44 610 00 55
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"