Хазиначӣ-амалиётгар
Бонк ҷои кори холии Хазиначӣ-амалиётгар барои хазинаи шабона дар филиали бонк дар н. Синои ш. Душанбе эълон менамояд.
Вазифаҳои асосии корӣ:
• Кор бо низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ ва ба расмият даровардани пардохти маблағҳои пулӣ;
• Иҷро кардани амалиётҳо доир ба мубодилаи асъор;
• Қабул ва пардорхти пули нақд ба мизоҷон;
• Таъмин намудани фаъолияти хазина дар мутобиқат бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии БМТ ва дастурамалҳои дохилии бонк;
• Дуруст ва сари вақт пур кардани китоби қайди хазина;
• Дуруст ва сари вақт ворид кардани маълумотҳо дар системаи компютерӣ;
• Омода намудани пули нақд дар хазина;
• Мувофиқи қоидаҳо таёр намудани ҳисоботҳои ҳарруза.
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё муҳосибот;
• На камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи хазиначӣ;
• Маҳорати хуби риёзӣ;
• Маҳорати хуби кор бо компютер;
• Дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ; Дар сатҳи хуби корӣ донистани забони русӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.
• Малакаҳои хуби муошират.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@icb.tj на дертар аз 31 декабри соли 2024 ирсол намоянд. Лутфан номгӯи вазифаро дар мавзуи мактуб ишора намоед.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"