Торговый представитель
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: Чаббор Расулов
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Фармацевтика
Дар бораи мо:
Ширкати "Дӯсти Фарма" яке аз ширкатҳои пешсаф дар соҳаи воридот, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ дар Тоҷикистон мебошад. Мо барои рушди бозор, таъмин намудани сифати баланд ва хидматрасонии босифат саъй менамоем.
Бо мақсади тавсеаи фаъолияти худ, мо намояндаи фурӯш ҷустуҷӯ дорем – шахсе, ки ба рушди касбӣ манфиатдор аст, дорои малакаҳои хуби муошират буда, метавонад бо муштариён робитаҳои дарозмуддатро ташкил карда метавонад.
Мо дар ҷустуҷӯи номзаде ҳастем, ки:
✔ Синну солаш аз 24 сола то 30 сола бошад
✔ Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дошта бошад (дар соҳаҳои фурӯш, тиб ё фармасевтика афзалият дорад)
✔ Таҷрибаи корӣ дар фурӯш дошта бошад (хусусан дар соҳаи дорусозӣ ё тиббӣ – афзалият дорад)
✔ Малакаҳои баланди муошират ва гуфтушунид дошта бошад
✔ Қобилияти мустақилона кор кардан ва қарор қабул карданро дошта бошад
✔ Ба натиҷаҳо нигаронида шуда, ташаббускор ва фаъолнок бошад
✔ Забонҳои тоҷикӣ ва русиро хуб донанд
Вазифаҳои асосӣ:
🔹 Пешбурди фурӯши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ
🔹 Ҷалби мизоҷони нав ва нигоҳдории муносибатҳои тиҷоратӣ
🔹 Назорат ва таҳлили фурӯш
🔹 Муносибати дарозмуддат бо мизоҷон ва таъмини хидматрасонии босифат
🔹 Иштирок дар намоишгоҳҳо, вохӯриҳо ва чорабиниҳои тиҷоратӣ
Шароити кор ва имтиёзҳо:
✅ 💰 Маоши устувор 3500 сомонӣ + роҳкиро + хурокапули+ телефонпули + бонусҳо, ки дар натиҷа зиёда аз 5000 сомонӣ зиёд метавонед маблаг ба даст оред.
✅ Имконияти рушди касбӣ – омӯзишҳои дохилӣ ва такмили ихтисос
✅ Муҳити кории мусоид – дастаи дӯстона ва шароити хуби кор
✅ Имконияти афзоиш дар кор – перспективаи болоравӣ дар ширкат
📍 Ҷойи кор: Душанбе
🕒 Режими корӣ: 6 рӯз дар ҳафта, аз 08:00 то 18:00
🗓 Рӯзи истироҳат: 1 рӯз дар ҳафта
Чӣ тавр ба мо тамос гирифтан мумкин аст?
📞 Барои муроҷиат:
📲 Телефон: 901-71-03-45
💬 Чат-бот: t.me/dustifarma_bot
Ҳоло муроҷиат кунед ва карераи худро бо "Дӯсти Фарма" рушд диҳед! 🚀
Похожие объявления



Следите за обновлениями в разделе "Избранное"