Муовини сардори Хадамоти бехатарӣ ва хифзи мехнат
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: ООО "Ёвар" р. Сино ул. Сино 29/2
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Торговля и Ритейл
Муҳтарам довталабон!
Мо таваҷҷӯҳи шуморо ба кор дар шабакаи супермаркетҳои Ёвар ҷалб менамоем.
Шабакаи супермаркетҳои мо яке аз супермаркетҳои фаъоли рушдёбанда ва муваффақ дар ҷумхурӣ мебошад.
Агар шумо хоҳед, ки як кисми тими шабакаи супермаркетҳои Ёвар шавед, пас мо шуморо интизорем!
Дар ҶДММ «Ёвар» ҷои холӣ кушода шудааст:
Муовини сардори Хадамоти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат вазифаҳои муҳимро дар ширкат иҷро мекунад.
Вазифаҳои асосӣ:
1. Ташкил ва назорати кори хадамоти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат: Ҳамоҳангсозии амалҳои кормандони хадамоти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, тақсими вазифаҳо ва назорати иҷрои онҳо.
2. Таҳия ва татбиқи чораҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат: Эҷод ва татбиқи нақшаҳо барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ширкат, аз ҷумла таҳияи дастурҳо ва тартибот.
3. Гузаронидани санҷишҳо ва тахлил: Ташкил ва гузаронидани санҷишҳои дохилӣ, тафтишоти ҳодисаҳо ва вайронкуниҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.
4. Омӯзиш ва дастурдиҳӣ ба кормандон: Гузаронидани тренингҳо ва дастурдиҳӣ ба кормандон оид ба масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, омӯзиши усулҳо, назорати камерахои мушохидави, сигнализатсия ва технологияҳои нав.
5. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои беруна: Ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти оташнишонӣ ва дигар ташкилотҳои беруна оид ба масъалаҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.
6. Таҳлил ва арзёбии хатарҳо: Арзёбии таҳдидҳо ва хатарҳои эҳтимолӣ, таҳияи чораҳо барои кам кардани онҳо.
7. Ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисоботдиҳӣ: Ворид кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, таҳияи ҳисоботҳо дар бораи корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳои санҷишҳо.
Талаботҳои асосӣ ба муовини сардори Хадамоти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат:
1. Маълумот: Маълумоти олии касбӣ хукукшинос ва муҳандисӣ.
2. Таҷрибаи корӣ: Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, афзалият дорад.
3. Донистани қонунгузорӣ: Донистани амиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ дар соҳаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.
4. Малакаҳои идоракунӣ: Қобилияти самаранок идора кардани даста, тақсими вазифаҳо ва назорати иҷрои онҳо.
5. Қобилиятҳои таҳлилӣ: Қобилияти таҳлили хатарҳо, таҳия ва татбиқи чораҳо барои кам кардани онҳо.
6. Малакаҳои коммуникатсионӣ: Қобилияти самаранок муошират кардан бо кормандон, гузаронидани тренингҳо ва дастурдиҳӣ дар самти бехатари ва хифзи мехнат.
7. Қобилиятҳои ташкилӣ: Қобилияти ташкил ва гузаронидани санҷишҳо, тахлилхои ҳодисаҳо ва вайронкуниҳо.
8. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои беруна: Таҷрибаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти оташнишонӣ ва дигар ташкилотҳои беруна.
9. Ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисоботдиҳӣ: Малакаҳои ворид кардани ҳуҷҷатҳо ва таҳияи ҳисоботҳо.
Шахсони хоҳишманд метавонанд дархости худро ба суроғаи электронии: //evar.hr.dp@gmail.com бо ҳатман нишон додани «Муовини сардори Хадамоти бехатарӣ ва хифзи мехнат” дар хати мавзӯъи мактуб ирсол намоянд.
Муҳлати қабули дархостҳо то 31 декабри соли 2024
Телефон барои маълумот: 984556060, аз соати 09:00 то 18:00 ба ғайр аз рӯзи шанбе ва якшанбе занг занед.
Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, баррасӣ ва ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"