Администратор-медсестра
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: Симои Зайнаб
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Клиникаи Дандонпизишки
Ҷои кор: ш. Турсунзода, Тоҷикистон
Музди меҳнат: аз 2000 то 5000 сомонӣ
Клиникаи дандонпизишкии мо аллакай як сол аст, ки фаъолона фаъолият намуда, хидматрасониҳоро оид ба табобати дандонҳо, насби протезҳо, конструксияҳои цирконий ва металлокерамикӣ пешниҳод мекунад. Мо босуръат рушд мекунем ва барои густариши минбаъда ба гурӯҳи худ "администратор-медсестра" ҷалб мекунем, ки омодааст бо мо якҷоя рушд кунад!
Вазифаҳо:
- Муоширати хушмуомила ва касбӣ бо мизоҷон дар клиника.
- Гузаронидани суҳбатҳо тавассути телефон ва сабти беморон ба қабул.
- Ташкили кори клиника ва кӯмак дар вазифаҳои маъмурӣ.
- Иҷрои вазифаҳои тиббӣ, ки бо омодасозии беморон ва кӯмак ба духтурони дандонпизишк алоқаманданд.
Талабот:
- Таҷрибаи корӣ ҳамчун ҳамшираи тиббӣ "на камтар аз 2 сол".
- Коммуникативӣ, хушмуомилагӣ ва малакаи кор бо одамон.
- Мо шуморо дар вазифаҳои маъмурӣ омӯзиш медиҳем, бинобар ин таҷрибаи корӣ ҳамчун администратор ҳатмӣ нест.
- Донистани забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ хастмист
Мо пешниҳод менамоем:
- Ба расмият даровардани расмии меҳнатӣ.
- Музди меҳнати устувор аз 2000 то 5000 сомонӣ (вобаста ба таҷриба ва малакаҳо).
- Гурӯҳи дӯстона ва имконияти рушди касбӣ.
- Омӯзиши малакаҳои администраторӣ.
Агар шумо хоҳед, ки узви як ширкати босуръат рушдёбанда шавед, лутфан резюмеатонро фиристед ё бо рақами зерин тамос гиред: 900-92-1018. Мо шуморо дар дастаи худ интизорем!
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"