Сардори шуъбаи кор бо банкоматҳо, МХМХ ва низомҳои интиқолӣ
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ"
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: фаъолияти бонкӣ
ҶДММ ТАҚҲ “Пайванд Гуруҳ” ба вазифаи Сардори шуъбаи кор бо банкоматҳо, МХМХ ва низомҳои интиқолӣ ба кор даъват менамояд
Вазифаҳои гузошташаванда.
Назорати фаъолияти марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурди ташкилот, назорат ва ба роҳ мондани хизматрасонии интиқоли маблағҳо, назорати кори банкоматҳо ва пос-терминалҳо ва инчунин муайян ва таҳия намудани маҳсулотҳои нави бонкӣ ва манбаҳои даромаднокии безарари он ва ғ.
Талаботҳо:
- дорои маълумоти олӣ (иқтисодӣ);
- шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод;
- доштани дониши кофӣ оид ба қонунгузории ҶТ ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон;
- собиқаи кории на камтар аз 1-сола дар низоми бонкӣ;
- забони корӣ ҳангоми муошират тоҷикӣ, русӣ (сатҳи баланд) ва англисӣ (афзалият дорад);
- истифодабарии барномаҳои компютерӣ дар фаъолияти корӣ MS Word, MS Eхcel ва барномаҳои автоматикунонидашудаи бонкӣ (сатҳи баланд);
Малакаи хуби кор бо мизоҷон, банақшагирӣ, худомӯзӣ афзалият дорад.
Малакаи корӣ дар гуруҳ.
Хусусиятҳои шахсӣ: бо интизомӣ, бодиққатӣ, масъулиятнокӣ, ростгӯӣ, маҳорати хуби муоширатӣ (фаҳмондадиҳӣ), поквиҷдонӣ, боиродагӣ, муоширати хуб бо мизоҷон дар ҳама ҳолат, дар ҳолатҳои мураккаб кор карда тавонистан ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии худ.
Шартҳо:
• Музди меҳнат шартномавӣ
• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хоҳишмандон метавонан то санаи 20.12.2024 резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот hr@payvand.tj ирсол намоянд.
Довталабоне ба озмун даъват карда мешаванд, ки резюмеашон ба талаботҳои тахассусӣ ҷавобгӯ ва интихоб шудааст.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"