Услуги адвоката
Узви Иттифоқи адвокатҳои ҶТ,
Адвокати Коллегияи адвокатҳои "Ҳифзи ҳуқуқ"-и
Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои ҶТ дар шаҳри Душанбе
Сияков Диловар Дилшодович, ки дар Феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №00747 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дар асоси моддаи 19 ва 92 Конститутсияи ҶТ ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" аз 18.03.2015 сол таҳти №1182 номгӯи зерини ёрии ҳуқуқиро ба Шумо пешниҳод менамояд:
▪ Иштирок дар таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ;
▪ Иштирок дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
▪ Иштирок дар пешбурди парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ;
▪ Иштирок дар пешбурди баҳсҳои меҳнатӣ ва меросӣ;
▪ Иштирок дар пешбурди парвандаҳо дар суди марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ;
▪ Иштирок дар истеҳсолоти иҷро;
▪ Тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, аз ҷумла ариза, аризаи даъвогӣ, норозигӣ, раддия, изҳори назар, иддао, дархост ва шикоятҳо;
▪ Намояндагӣ дар ҳама зинаҳои судӣ;
▪ Таъсис ва барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла Ҷамъияти саҳҳомии кушода, Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ва Ташкилоти ҷамъиятӣ;
▪ Таъсис ва барҳам додани филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
▪ Машварати ҳуқуқии ройгон;
▪ Дигар намудҳои ёрии ҳуқуқӣ;
● Бо камоли эҳтиром ва дарки баланди масъулият ба самъи ятимон, маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат расонида мешавад, ки метавонанд аз намудҳои ёрии ҳуқуқии мазкур ба таври ройгон истифода намоянд.
Бо эҳтиром -
адвокат Д.Д СИЯКОВ
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"