Ронанда-инкассатор
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: ш.Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ 11
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Ташкилоти амонатии карзии хурд
Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «Фурӯз» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. Фурӯз аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи Фурӯз додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани чойи кор мебошад. Дар Ташкилоти Қарзии Хурди «Фурӯз» зиёда аз 140 кормандон дар Саридораи ш. Бохтар ва дар 8-то маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.
Вазифаҳои асосӣ:
• Идоракунии автомашинаи махсуси инкассаторӣ;
• Ҷамъоварӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ ва сарватҳои моддӣ;
• Риояи чораҳои бехатарӣ, дастуру қоидаҳои дохилӣ;
• Таъмини бехатарии ашёи қимматбаҳо дар вақти инкассатсия;
• Таъмини бехатарии маблағҳо ва ашёи қимматбаҳо ҳангоми ҷамъоварии онҳо.
Талаботҳо:
• Хизмат дар артиш ё Вазорати корҳои дохилӣ (ҳатмӣ);
• Омодагии хуби ҷисмонӣ ва омодагӣ ба фаъолияти ҷисмонӣ;
• Надоштани доғи судӣ ва одатҳои бад;
• Дақиқӣ ва бодиққат ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо;
• Дорандаи малакаҳои хуби муошират ва масъулиятнокӣ;
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Филиали ТАҚХ “Фуруз” дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ 11 пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 35 08 48
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"