Офис-менеҷер
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: ш. Душанбе, к. А.Дониш 5
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Консалтинг
Ширкати “Мушовирон” ширкати консалтингии ватанӣ буда, айни замон ба мо як нафар офис - менеҷер лозим аст, ки дорои таҷрибаи кор дар ширкатҳои дохилию хориҷӣ бошад.
Вазифаҳои асосӣ:
Таъмини тозагию нафосат дар дохили идораи корӣ;
Қабули ҳуҷҷатҳо аз кормандон, назорати онҳо ва пешниҳод ба Директори генералӣ барои имзо;
Кор бо ҳуҷҷатгузориҳои дохилӣ;
Қабули меҳмонон, шарикон ва мизоҷон;
Ҷавоб додан ба зангҳои дохилӣ ва маълумот оиди хизматрасониҳои ширкат;
Назорати омаду рафти кормандон;
Дигар супоришҳои Роҳбарият.
Талаботҳо:
Таҷрибаи корӣ аз 1 сол зиёд ва ё бетаҷрибаи корӣ;
Доштани маълумоти олӣ;
Доштани қобилияти муоширати касбӣ;
Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ (забони англисӣ афзалият дорад);
Доштани қобилияти ҳамкорӣ бо шарикон, мизоҷон ва сохторҳои давлатӣ;
Синну сол аз 20 то 35 сола.
Арзишҳои мо:
• Шаффофият;
• Бовиҷдонӣ;
• Худтакмилдиҳӣ;
• Ростқавлӣ.
Пешниҳоди мо:
Кор дар ширкати ватании зудрушдкунанда бо маоши хуб ва бонус;
Ба кор қабул намудан дар асоси Кодекси меҳнати ҶТ;
Коллективи ҷавонони серталаб;
Қаҳваи ройгон.
Агар ба худ боварӣ доред ва ташнаи кор ҳастеду масъулиятшиносед, пас то санаи 20.07.2024 тарҷумаи ҳоли (CV) худро ба почтаи электронии ss.mehrubon@gmail.com ирсол намоед.
Похожие объявления
![Делопроизводитель-Ресепшионист](https://cdn.somon.tj/media/cache1/3c/fa/3cfac0f915a54546898232401911994f.webp)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img1_scan.ffe9a7ec4032.jpg)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img2_face.be8f02674290.jpg)
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"