Внутренний аудитор
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: х.И.Сомони 203 б
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Банк
Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди "Азизи-Молия" дар ш. Хучанд Аудитори дохила лозим аст. ООО МДО "Азизи-Молия"
Вазифаҳои асосӣ:
• Мусоидат ва иштироки бевосита дар банақшагирии аудитҳо, арзёбии хатарҳо, таҳияи барномаҳои аудит, методологияи аудит ва ташкили фаъолияти Раёсати аудити дохилӣ;
• Мутобиқи нақшаи аудит сари вақт гузаронидани санҷишҳо, мунтазам ба роҳбари бевосита пешниҳод намудани мушоҳидаҳо ва таҳлилҳои муфассал аз рӯи натиҷаҳои аудит;
• Дар ҳолати зарурӣ гузаронидани санҷишҳои махсус ва тафтишоти дохилӣ;
• Муайян ва арзёбии хавфҳо дар низоми назорати дохилӣ, арзёбии мутобиқати равандҳои бизнеси мавҷуда ба талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, пешниҳоди тавсияҳо оид ба такмили низоми назорати дохилӣ;
• Идоракунии фаъолияти кормандон дар гурӯҳи корӣ, баҳодиҳии кори онҳо;
• Мониторинги иҷрои тавсияҳо аз рўи натиҷаҳои санҷишҳо.
Талабот:
• таҳсилоти олӣ (дар соҳаҳои иқтисод, молия, ҳуқуқ, менеҷмент, технологияҳои иттилоотӣ афзалиятнок дониста мешаванд);
• На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ;
• Таҷриба дар аудити дохилӣ/берунӣ ё таҳлили молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
• Донистани талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, ки фаъолияти ташкилотҳои молиявиро танзим мекунанд;
• Донистани стандартҳои МСФО, стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ, андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Таҷриба ва дониш дар арзёбии хатарҳо;
• Доштани шаҳодатномаҳои тахассусии CAP/CIPA/CIA/GARP бартарият аст;
• Дониши хуби забони давлатӣ ва русӣ барои ҳисоботдиҳии мунтазами аудиторӣ. (донистани забони англисӣ бартарият аст);
• Омодагӣ ба сафарҳои корӣ ба воҳидҳои сохтории Ташкилот;
• Қобилияти истифодабарии компютерҳо ва таҷҳизоти идоравӣ;
• Истифодабарии боэътимоди бастаи MS Office;
• Таҷриба бо AБС (барномаҳои бонкӣ);
• Таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаи аудит;
• Қобилияти кор дар даста ва ба осонӣ пайдо кардани ҳамдигарфаҳӣ, инчунин рафтори боваринок ва касбӣ ҳангоми кор бо ҳамкорон ва мизоҷон.
Шартҳо:
• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа
• Музди меҳнат шартномавӣ
• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) то 10 июли 2024с. ба суроғаи ш.Хучанд хиёбони И.Сомони 203б ё ба почтаи электронии info@azizi-moliya.tj равон намояд. (44) 630 20 10
Похожие объявления
![Начальник отдела по работе с просроченной задолженностью - soft collection г.Худ](https://cdn.somon.tj/media/cache1/fa/db/fadbb6d32d7a65be6e28dad6e8cda0d4.webp)
![Директори мудирияти фуруши махсулот](https://cdn.somon.tj/media/cache1/59/d9/59d9a2cdd98651cb349f25ef59495846.webp)
![Специалист отдела доступа и инфобезопасности Худжанд](https://cdn.somon.tj/media/cache1/30/01/30012f46d5a2c8338dc10f82e87c0012.webp)
![Региональный менеджер](https://cdn.somon.tj/media/cache1/30/01/30012f46d5a2c8338dc10f82e87c0012.webp)
![Секретарь-референт г.Худжанд](https://cdn.somon.tj/media/cache1/fa/db/fadbb6d32d7a65be6e28dad6e8cda0d4.webp)
![Сардори маркази хизматрасонии маблаггузории хурд - МХМХ](https://cdn.somon.tj/media/cache1/59/d9/59d9a2cdd98651cb349f25ef59495846.webp)
![Мутахассиси калони тичорати чакана](https://cdn.somon.tj/media/cache1/59/d9/59d9a2cdd98651cb349f25ef59495846.webp)
![Сардори Шӯъбаи маркетинг](https://cdn.somon.tj/media/cache1/59/d9/59d9a2cdd98651cb349f25ef59495846.webp)
![Младший специалист по розничному обслуживанию](https://cdn.somon.tj/media/cache1/59/d9/59d9a2cdd98651cb349f25ef59495846.webp)
![Мутахассиси калони шуъбаи назорат ва хавф, ш. Хуҷанд](https://cdn.somon.tj/media/cache1/96/84/9684f2fe3acb8f791e2af58ce542a330.webp)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img1_scan.ffe9a7ec4032.jpg)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img2_face.be8f02674290.jpg)
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"