Тренер дар академияи омузиши
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: Furuz
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Кредитование
Барои таъмини рушди оянда ва пешравию тахассуснокии кормандон, ташкилоти амонатии қарзии хурди Furuz бо мақсади пешбурди омӯзиши кормандон, барои ишғоли вазифаи тренер дар академияи омӯзишии Furuz, озмун эълон менамояд:
Вазифаҳои асосӣ:
• Гузаронидани омузиши кормандон, алалхусус кормандони қарзӣ;
• Тайёр намудани барномаи пурраи омузишии кормандони қарзӣ бо маводҳои таълимӣ;
• Таҳияи маводи методӣ ва таълимӣ мувофиқи талаботи Ташкилот;
• Гузаронидани тренингҳо дар ҷойи кор (полевое обучение, наставничество);
• Дастгирии пас аз омӯзиш ва таҳлили самаранокии барномаҳои таълимӣ;
• Ҷамъоварии маълумот ва таҳлили ниёзҳои омӯзиши кормандон;
• Кӯмаки умумӣ дар идоракунӣ ва ба роҳ мондани корӣ академияи омӯзишии Furuz.
Талабот ба довталабон:
• Ҳадди ақал таҷрибаи яксола дар гузаронидани тренингҳо;
• Таҷриба дар гузаронидани омӯзишҳо, хусусаан малакаҳои омӯзонидани мутахассисони қарзӣ;
• Таҷрибаи кории на кам аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ, алалхусус дар соҳаи қарзӣ (таҷрибаи пештараи роҳбарикунӣ пазируфта мешавад);
• Дониши мукаммал дар соҳаи қарздиҳӣ, мукаммал омӯзонида тавонистани тамоми мавзӯъҳо вобаста ба давраи қарзӣ ва омӯзонидани таҳлили тиҷоратҳои хурду миёна (МСБ);
• Малакаҳои хуби ташкилотчигӣ ва идоракунии кормандон;
• Сафарҳои хизматӣ ба зерсохторҳои Ташкилот (тибқи зарурат).
Довталабони ҳавасманд метавонанд анкетаи худро (CV ё резюме) ба почтаи электронии hr@furuz.tj равон намоянд.
Телефон барои маълумот: 988-35-08-48
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"