Сапёр / Минаҷӯй
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: кӯчаи Қ.Раҳимов 6-8
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: ШФПМД
Намояндагии Хазинаи Швейтсария оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FSD).
Эълон дар бораи ҷойҳои корӣ:
Хазинаи Швейтсария оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон НХШФЗМ (FSD), созмони ғайритиҷоратӣ, мустақил ва беғарази байналмилалии башардӯстона мебошад, ки қароргоҳаш дар Женева/Швейтсария ҷойгир аст.
НХШФЗМ (FSD) аз соли 2003 дар Тоҷикистон барномаҳои башардӯстона/лоиҳаҳоро амалӣ мекунад. Ҳадафи НХШФЗМ (FSD) иборат аз поксозии минаҳо, боқимондаҳои лавозимоти ҷангии нотаркида ва ифлоскунандаҳои устувори органикӣ иборат мебошад, то одамон тавонанд ояндаи бехатарро барои худ ва насли оянда бунёд кунанд ва дар муҳити бехатар зиндагӣ кунанд.
Ҷойҳои холии зерин дар барномаи НХШФЗМ (FSD) дар Тоҷикистон кушода/дастрасанд ва мо бо хушнудӣ ба довталабони ҳавасманд таблиғ мекунем/эълон менамоем.
Понздаҳ (15) нафар барои фаъолиятҳои башардӯстона оиди бартараф кардани минаҳо/боқимондаҳои таркандаи ҷангӣ бо шартномаи яксола (бо имкони тамдид) ҷалб карда мешаванд.
Барои бо кор қабул намудани занон ва мардон аз ноҳияҳои Вилояти Суғд афзалият дода мешавад.
Таҳқиқотчӣ/ минаҷӯй таҳти роҳбарии бевоситаи Менеҷери амалиёт ва роҳбари гурӯҳи ҷустуҷӯӣ тибқи талаботи Хазинаи Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои миллӣ оид ба минаҳо кор хоҳанд кард.
Талаботҳои асосӣ:
1. Доштани билети ҳарбӣ (барои мардон).
2. Шаҳодатномаи амалиёти безараргардонии мина (агар бошад).
3. Талаботи меъёриро дақиқ, бехато ва сари вақт иҷро намояд.
4. Дониш, маҳорат ва малакаи касбӣ.
5. Дониши мукаммал дар соҳаи фаъолият дар ин самт.
6. Қувватмандии ҷисмонӣ ва қобилияти меҳнат кардан дар саҳро.
7. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва дуруст истифода бурдани вақти корӣ.
8. Муоширати хуби шифоҳӣ ва муносибати хуб бо кормандон.
9. Имконияти истифодаи таҷҳизоти электронӣ (компютер, компас, GPS ва ғ.)
10. Кӯмак ба кори роҳбари гурӯҳ.
11. Иҷрои вазифаҳои иловагии амалиётӣ тибқи дастури роҳбарият.
12. Давомнокии кори саҳро аз ҳаҷми амалиёт вобаста аст.
Маълумот иловагӣ:
• Дархост (CV) бояд ба суроғаи зерин тавассути мактуб ё бо почтаи электронӣ ирсол карда шавад:
• суроға: Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯчаи Қ.Раҳимов 6-8, гузаргоҳи 2 (назди тарабхонаи Шаҳрисабз), pm.tajikistan@fsd.ch tajikistan@fsd.ch
• Дархостҳо фақат дар сурате қабул карда мешаванд, ки шахсан ё тавассути почта, ё почтаи электронӣ ирсол карда шаванд.
• Мӯҳлати ниҳоӣ барои пешниҳодот: - то санаи 25 апрели соли 2024, соати 17:00
Пешниҳодҳо баробари дастрас шудани онҳо баррасӣ карда мешаванд.
Ба мусоҳиба фақат номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботи эълони корӣ мувофиқат намоянд.
Барои маълумоти бештар, бо телефони:- 888008899 (аз соати 8:00 то 17:00)
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"