Мутахассис оиди таъминоти техникӣ
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: кучаи Айни 27
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Ташкилоти Амонатӣ Қарзии Хурди "Фуруз"
“Фурӯз” аз соли 2006 ҳамчун Ташкилоти Қарзии Хурд фаъолияти қарздиҳии худро оғоз намуда, соли 2022 соҳиби иҷозатнома барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ гардидааст ва фаъолияти худро то инҷониб ҳамчун Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд давом дода истодааст.
Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ фаъолият доранд.
Вазифаи кор:
• ба кор омодасозии техникаи компютерӣ ва техникаи ташкилии зерсохторҳои Ташкилот;
• Таъмини кори пурраи принтерҳо, аз он ҷумла иваз ё дубора пур намудани картриҷҳо ва бартараф намудани дигар камбудиҳои техникӣ дар принтерҳо;
• Назорат ва таъмини кори доимии камераҳои назоратии зерсохторҳои Ташкилот.
• Гузаронидани корҳои таъмирӣ вобаста ба техникаи компютерӣ;
• Сабт ва баҳисобгирии дороиҳои асосии ТИ.
Талабот:
• Таҳсилоти олии муҳандисӣ-техникӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ афзалият дорад.
• Доштани малакаҳои дахлдор дар соҳаи технологияи иттилоотӣ;
• Хуб донистани системаҳои оператсионии Microsoft Windows 7/8/10 (дар сатҳи администратори системаи локалӣ)
• Тайёр будан ба сафарҳои хизматӣ.
Довталабони ҳавасманд метавонанд, анкетаи худро ба Саридораи ТАҚХ “Фурӯз” воқеъ дар ш.Бохтар, кӯчаи Айнӣ-27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 72 72
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"