Курси тайёрӣ барои Довталабон
Барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 11-ум) соли охири таҳсил эҳсосбарангезу ҳаяҷоновар аст, зеро дар ин сол онҳо ба зинаи нави зиндагӣ қадам мениҳанд, ҳаёти мустақилонаашон оғоз мегардад, муҳимтар аз ҳама, аксарашон аз пайи иҷрои орзуи волояшон – донишҷӯй шудан талош мекунанд. Зумрае аз хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 9-ум) низ дар пайи амалӣ кардани чунин умедҳояшон хоҳанд шуд. Акнун барои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон маълум аст, ки орзуи донишҷӯй шудан, соҳиби касбу ихтисоси дилхоҳ гардидан барои ҳеҷ довталаби ҳадафмандона омӯзишкардаю таълимгирифта кори душвор нест. Бо ҳадафи амалисозии орзуву умедҳои довталабон дар пайи сазовори номи пурифтихори донишҷӯй гаштан, Маркази таълимии «Довталаб» қабули хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-ро ба курсҳои тайёрӣ аз рӯи гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин эълон менамояд:
ГУРӮҲИ ИХТИСОСҲОИ 1-УМ: «ТАБИӢ ВА ТЕХНИКӢ»
ГУРӮҲИ ИХТИСОСҲОИ 2-ЮМ: «ИҚТИСОД ВА ГЕОГРАФИЯ»
ГУРӮҲИ ИХТИСОСҲОИ 3-ЮМ: «ФИЛОЛОГИЯ, ПЕДАГОГИКА ВА САНЪАТ»
ГУРӮҲИ ИХТИСОСҲОИ 4-УМ: «ҶОМЕАШИНОСӢ ВА САНЪАТ»
ГУРӮҲИ ИХТИСОСҲОИ 5-УМ: «ТИБ, БИОЛОГИЯ ВА ВАРЗИШ»
Ба ҳамаи шумо комёбӣ мехоҳем, довталабони азиз!
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"