Бонкир - Коршиноси қарзӣ дар н.Рудакӣ
Тими мо Бонкдореро меҷӯяд, ки вазифаи асосиаш машварат ба мизоҷон оид ба тамоми маҳсулоти бонкӣ, кумак дар барасмиятдарории онҳо ва ҷавоб ба саволҳои бамиёномада мебошадКор дар IBT ин:• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ• Музди меҳнати устувор, мукофотпулӣ барои натиҷаи хуб ва низоми шаффофи KPI• Шартҳои махсус барои хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо ба ғизо ва алоқаи корпоративӣ• Тренингҳо, машғулиятҳо ва курсҳои мунтазам барои рушди касбӣ • Фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ ва тамоми шароит барои нишон додани тавоноии худВазифаҳои асосии Шумо инҳо мешаванд:• Пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ (ҳамаи намуди кортҳо, қарзҳо, интиқоли пул) ва хизматрасониҳои IBT• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда• Кумак дар барасмиятдарории маҳсулоти асосӣ ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ• Ҳамдигарфаҳмии комил бо мизоҷон ва нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба онҳоИн кор барои Шумост, агар Шумо:• Мутахассиси дорои таҳсилоти миёна, олии нопурра ва олӣ бошед• Мехоҳед донандаи хуби соҳаи фурӯш бошед• Мехоҳед рушди мансабии худро дар соҳаи бонкӣ созмон диҳед• Хайрхоҳ, хушхулқ ва ҳамеша барои кумак расонидан омодаедДар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви тими IBT шаведТелефони Маркази тамос: 1155
4 дня назад Рудаки

Мутахассиси хурди карзи н. Рудаки
Бонки Ҳумо дар қатори панҷгонаи беҳтарин ташкилотхои Бонки дар кишвар ҷой гирифтааст. Саҳмдори асосии бонк ширкати байналмилалии сармоягузории Gojo&Company (Ҷопон) мебошад, ки стратегияи рушди устувор ва фарогирии молиявӣ дорад.ҶСП " Ҳумо Бонк "ҷустуҷуи кормандон ҳастем,Уҳдадории вазифавӣ:- Фуруши маҳсулотҳои бонкӣ- Машварат бо мизоҷонШартҳои корӣ:- Бе таҷрибаи корӣ қабул менамоем- Омузиши касбӣ- Маоши хуб ва бонусРеҷаи корӣ:- Душанбе то ҷумъа, аз 08:00 - 17:00Офисҳо:- Дар н. Рудаки, бозори Сафина Барои мондани дархост ба офиси Ҳумо дар назди бозор муроҷиат намоед ё тариқи сомон.тч анкетаи худро равон намоед.
2 дня назад Рудаки

Корманди қарзӣ дар н. Рудаки
ҶДММ ТАҚХ «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 то инҷониб қарзҳои хурду миёна дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ медиҳад.Миссияи «ФУРУЗ» додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ мебошад. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.Вазифаи кор:- Ҷалби қарзгирандагон, таҳлили пардохтпазирӣ ва назорати қарз то пардохти пурра;- Машварат ба соҳибкорон оид ба рушди тиҷорати хурду миёна;- Ҷудо намудани қарз барои рушди бизнес;- Назорат ва машварат оид ба идоракунӣ, ҳисобу китоб ва нақшаи тиҷорат.Талабот:- Маълумоти миёна (ё олӣ);- Тасавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;- На камтар аз 6 моҳ таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун;- Донистани забонҳои тоҷикӣ/русӣ;- Қобилияти робитасозӣ ва муошират;- Тавонистани кор бо компютер (Excel, Word).Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (анкета, резюме) ба н. Рудаки, Ҷамоати Шаҳраки Сомониён, кучаи И. Сомони (ориентир пушти бозори Сафина) ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988 35 08 48.Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
3 дня назад Рудаки

Коромӯзи шуъбаи қарзӣ филиал дар н. Рудакӣ
Самтҳои асосии фаъолият:• Ҷустуҷӯи мизоҷони эҳтимолӣ ва пешбурди хизматрасониҳои бонкӣТалаботҳо• маълумоти олӣ (иқтисодӣ афзалият дорад);• истифодабари муваффақи MS Office;• донистани низоми бонкӣ;• донистани забонҳои тоҷикӣ (донистани забони русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ афзалият дорад). Сифатҳои шахсӣ:• бодиққат/покизакор будан;• поквиҷдон ва пухтакор будан;• доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;• доштани маҳорати бо зудӣ қабул намудани маълумотҳои ҳаҷман калон. Шартҳо/имкониятҳо:• барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;• рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2.• омӯзиши корпоративӣ;• имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан дар дохили бонк.Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани Коромӯзи шуъбаи қарзӣ филиал дар н. Рудакӣ ирсол намоед, ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда супоред.Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон довталабоне даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд.
4 дня назад Рудаки

Мутахассис оид ба Хизматрасонии Мизоҷон
Уҳдадориҳои асосӣ:Машваратдиҳӣ ва мушаххасгардонии мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол, амонатгузорон ва қабулкунандагон/интиқолдиҳандагони маблағҳо.Мусоидат ба мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол дар пуркунии варақаҳои зарурӣ барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзгирӣ, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.Чоп кардани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо зарур мебошанд.Воридсозии маълумоти зарурӣ ба ҳисоботҳои FORS ва таъминоти барномавии низоми интиқоли маблағҳо.Гирд овардани ҳуҷҷатҳои зарурии қарзгирони имконпазир ва қарзгирони фаъол барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо.Нусхабардорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Шуъбаи Андеррайтинг ва протсесесинги Саридораи ФТАҚХ.Гузаронидани расмиёти ифтитоҳӣ (инаугуратсия) ҳангоми додани қарз ва кушодани суратҳисоби амонатӣ.Санҷиш ва таъмини мутобиқати маълумотҳои шиносномавии мизоҷон бо маълумотҳои Таъминоти барномавӣ ва низоми Интиқоли маблағҳо.Ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ ва амонатии мизоҷон, инчунин ҷузвадони мизоҷ оид ба интиқоли маблағҳо.Талабот нисбати номзадон:Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус;Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;Дониш оид ба маҳсулотҳои қарзӣ ва амонатӣ;Таҷрибаи корӣ дар НАБ Flexcube;Донишу малакаҳои кор бо компютер (Word, Excel, Internet, Outlook);Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт;Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣШароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 20 августи соли 2026 ба суроғаи н. Рудакӣ, пос. Сомониён, куч. И.Сомони 30/3, идораи ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (+992) 44 600 23 23Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
2 недели назад Рудаки
Мутахассиси қарзӣ дар н. Рудакӣ
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 27 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 12 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст.Вазифаҳои асоси:• Пешниҳоди маҳсулотҳои қарзии ташкилот;• Гузаронидани чорабиниҳои маркетинги барои ҷалбӣ мизоҷон;• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда;• Гузаронидани таҳлилӣ фаъолияти молиявую хоҷагидории мизоҷ;• Иштирок намудан дар кумитаҳои қарзӣ;• Барасмиятдарории ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ.Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти олӣ, бакалавр, олии нопурра;• Донистани забони тоҷикӣ (донистани забони англисӣ ва русӣ афзалият дорад);• Омода будан дар кори гурӯҳи.Шароити хуби кори:• Музди меҳнати рақобатпазир ва мукофотпулиҳо;• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ;• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Омузишҳо ва тренингҳо;• Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои ҳадди аққал ҷавобгӯянд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
2 недели назад Рудаки

Мутахассис оид ба ворид ва назорати маълумотҳо дар н. Рудакӣ
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 27 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 12 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст.Вазифаҳои асоси:• То гузаронидани Кумитаи қарзи пурра ва бехато гузоштани ҳуҷҷатҳои қарзӣ ва инчунин дуруст ҷобаҷогузории маҷмуи ҳуҷҷатҳо дар ҷузвдони қарзӣ мувофиқи талаботҳои амалкунандаи ташкилот.• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда;• Дар ҳолатҳои зарури иштирок дар маҷлисҳои Кумитаи қарзи;• Таъмини иҷроиши ҳамаи шартҳо ва талаботҳо аз тарафи КҚ талабкардашуда то додани қарз;• Санҷиш дурустии ҳуҷҷатҳо то бастани шартномаи қарзӣ дар ҷузвдонҳои қарзӣ, пасандозӣ, кортҳои бонкӣ;• Омода намудани шартномаҳои лозима;• Гузаронидани амалиёт оид ба қисман пардохти маблағи асоси қарз ва амалиёт оид ба пардохти пурраи қарз;• Малакаи хуби кор бо компютер.Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти олӣ, бакалавр, олии нопурра, миёнаи махсус;• Донистани забони тоҷикӣ (донистани забони англисӣ ва русӣ афзалият дорад);• Омода будан дар кори гурӯҳи.Шароити хуби кори:• Музди меҳнати рақобатпазир ва мукофотпулиҳо;• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ;• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Омузишҳо ва тренингҳо;• Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои ҳадди аққал ҷавобгӯянд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
2 недели назад Рудаки

Душанбе (103), Худжанд (33), Бохтар (Курган-Тюбе) (14), Яван (9), Гиссар (8), Шахритус (8), Вахдат (7), Истаравшан (7), Куляб (7), Турсунзаде (5), Бободжон Гафуров (4), Восе (4), Джалолиддин Балхи (Руми) (3), Спитамен (3), Фархор (3), Вахш (2), Дусти (Джиликуль) (2), Зафарабад (2), Кабодиён (2), Канибадам (2)