Хазинадор дар филиали ноҳияи Ҷайхун
Ӯҳдадориҳои асосӣ:• Ба мизоҷони ТАҚХ «ФИНКА» бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;• Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;• Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;• Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;• Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;• Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои «ифтитоҳдиҳанда» («инаугуратор») – ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.• Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд; Ихтисоси матлуб:• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молиявӣ;• Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;• Донистани кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel);• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст;• Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;• Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________ Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 8 августи соли 2026 ба суроғаи ноҳияи Чайхун, шаҳраки Дусти, кӯч. 1 Май, идораи ФТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 100 49 98Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
4 недели назад Джайхун (Кумсангир)

Душанбе (103), Худжанд (33), Бохтар (Курган-Тюбе) (14), Яван (9), Гиссар (8), Вахдат (7), Истаравшан (7), Куляб (7), Рудаки (7), Шахритус (7), Турсунзаде (5), Бободжон Гафуров (4), Восе (4), Джалолиддин Балхи (Руми) (3), Спитамен (3), Фархор (3), Вахш (2), Зафарабад (2), Кабодиён (2), Канибадам (2)