Бонкир - Коршиноси қарзӣ дар ш.Ҳисор
Тими мо Бонкдореро меҷӯяд, ки вазифаи асосиаш машварат ба мизоҷон оид ба тамоми маҳсулоти бонкӣ, кумак дар барасмиятдарории онҳо ва ҷавоб ба саволҳои бамиёномада мебошадИн кор барои Шумост, агар Шумо:• Мутахассиси дорои таҳсилоти миёна, олии нопурра ва олӣ бошед• Мехоҳед донандаи хуби соҳаи фурӯш бошед• Мехоҳед рушди мансабии худро дар соҳаи бонкӣ созмон диҳед• Хайрхоҳ, хушхулқ, ба стресс тобовар ҳастед ва ҳамеша барои кумак расонидан омодаедВазифаҳои асосии Шумо инҳо мешаванд:• Пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ (ҳамаи намуди кортҳо, қарзҳо, интиқоли пул) ва хизматрасониҳои IBT• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда• Кумак дар барасмиятдарории маҳсулоти асосӣ ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ• Ҳамдигарфаҳмии комил бо мизоҷон ва нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба онҳоТамоми имконият барои пешравиҳои Шумо:• Расман ба кор қабул кардан, рушди мансабӣ ва ҷадвали 5/2• Музди меҳнати устувор, мукофотпулӣ барои натиҷаҳои мусбат ва низоми шаффофи KPI• Пешниҳодҳои махсус ба хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо барои ғизо ва алоқаи корпоративӣ• Рушди доимии касбӣ: омӯзиш ва тренингҳо• Муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ• Шароитҳои беҳтарин барои кашфи иқтидор ва идеяҳои навДар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви тими IBT шаведТелефони Маркази тамос: 1155
3 дня назад Гиссар

Корманди қарзӣ дар ш.Ҳисор
ҶДММ Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 то инҷониб қарзҳои хурду миёна дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ медиҳад. Миссияи ФУРУЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ мебошад. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.Вазифаи кор:• Ҷалб намудани қарзгирони эҳтимоли, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;• Тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;• Аз болои фаъолияти соҳибкории мизоҷон назорат бурдан ва маслиҳат додан оид ба ҳисобу китоб, нақшакашии тиҷорат ва муносибати ба одоб нисбат ба тиҷорати худ.Талабот:• Маълумоти миёна (ё олӣ);• Тасавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;• На камтар аз 6 моҳ таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун;• Донистани забонҳои тоҷикӣ/русӣ;• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;• Тавонистани кор бо компютер (Excel, Word).Довталабони ҳавасманд метавонанд анкетаи худро ба Маркази хизматрасонии маблағгузории хурди “Фуруз” дар шаҳри Ҳисор, к.Бобоҷон Ғафуров 10А ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988 22 02 91. Танҳо номзадҳое,ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
4 дня назад Гиссар

Мутахассис оид ба Хизматрасонии Мизоҷон дар филиали шаҳри Ҳисор
Уҳдадориҳои асосӣ:Машваратдиҳӣ ва мушаххасгардонии мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол, амонатгузорон ва қабулкунандагон/интиқолдиҳандагони маблағҳо.Мусоидат ба мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол дар пуркунии варақаҳои зарурӣ барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзгирӣ, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.Чоп кардани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо зарур мебошанд.Воридсозии маълумоти зарурӣ ба ҳисоботҳои FORS ва таъминоти барномавии низоми интиқоли маблағҳо.Гирд овардани ҳуҷҷатҳои зарурии қарзгирони имконпазир ва қарзгирони фаъол барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо.Нусхабардорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Шуъбаи Андеррайтинг ва протсесесинги Саридораи ФТАҚХ.Гузаронидани расмиёти ифтитоҳӣ (инаугуратсия) ҳангоми додани қарз ва кушодани суратҳисоби амонатӣ.Санҷиш ва таъмини мутобиқати маълумотҳои шиносномавии мизоҷон бо маълумотҳои Таъминоти барномавӣ ва низоми Интиқоли маблағҳо.Ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ ва амонатии мизоҷон, инчунин ҷузвадони мизоҷ оид ба интиқоли маблағҳо.Талабот нисбати номзадон:Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус;Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;Дониш оид ба маҳсулотҳои қарзӣ ва амонатӣ;Таҷрибаи корӣ дар НАБ Flexcube;Донишу малакаҳои кор бо компютер (Word, Excel, Internet, Outlook);Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт;Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣШароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 25 августи соли 2026 ба суроғаи ш.Ҳисор, куч. И.Сомонӣ 4, идораи ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (+992) 93 575 4581Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
1 неделя назад Гиссар
Мутахасиси тичорати майда_Бонки Эсхата
Филиали ҶСК «Бонки Эсхата» ш.Хисор барои ишғоли вазифаи Мутахасиси тичорати майда озмун эълон мекунад.Талаботҳои асосӣ: Маълумоти олӣ, олии нопура; Собиқаи кории умумӣ – бартарӣ дорад; Донистани забонҳо – тоҷикӣ (сатҳи баланд), русӣ (сатҳи миёна); Малакаи хуби кор бо компютер; Қобилияти кор дар ҳолатҳои пурҳаяҷону душвор. Вазифаҳои асосӣ: Гузаронидани чорабиниҳои маркетингӣ дар байни мизоҷони имконпазир (оиди ҷалби пасандоз, тарғибот оиди насби QR-пардохт – эквайринг, пешниҳоди қарзҳо ба мизоҷони тиҷорати микро; Кӯмак намудан ба мизоҷон дар пешниҳод кардани ариза; Гузаронидани таҳлили пурраи қарзӣ, ташриф ба ҷои истиқомат ва фаъолияти мизоҷ, бастани шартнома оиди ташкили ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бо воситаҳои электронии пардохтӣ; Омода намудани пешниҳодот ба кумитаи қарзӣ; Мониторинги истифодабарӣ ва пардохти қарзҳо. Мо ба шумо пешниҳод мекунем: музди меҳнати рақобатӣ ва мукофотпулиҳои баланд; шуғли расимӣ; дурнамои рушд ва рушди касбӣ ва мансаб.Тарзи пур кардани анкетаи онлайн: https://clck.ru/3TDbsJ ё резюмеи худро ба суроғаи job@eskhata.tj то 16 августи фиристед.Суроға: г. Хисор, к. И.Сомони-2 Телефон: (3139) 25656
2 недели назад Гиссар

Мутахассис оид ба баҳодиҳии тилло дар ш. Ҳисор
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 27 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 12 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.Вазифаҳои асосӣ:• Арзёбии аслӣ будан, проба ва вазни тилло ва ҷавоҳирот• Муайян намудани арзиши амволи гаравӣ мутобиқи методикаҳои дохилии ширкат• Истифодаи асбобҳо ва таҷҳизоти махсус барои санҷиши тиллоТалабот:• Маълумоти миёнаи махсус ё олӣ (маълумот дар соҳаҳои бонкӣ ё молиявӣ афзалият дорад, вале ҳатмӣ нест)• Таҷрибаи кори дар самти баҳодиҳии тилло афзалият дорад• Омодагӣ ба омӯзиш Шароити хуби кори:• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Омузишҳо ва тренингҳо;• Имконияти болоравии мансабӣ.• Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
2 недели назад Гиссар

Мутахассиси қарзӣ дар ш. Ҳисор
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 27 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 12 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст.Вазифаҳои асоси:• Пешниҳоди маҳсулотҳои қарзии ташкилот;• Гузаронидани чорабиниҳои маркетинги барои ҷалбӣ мизоҷон;• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда;• Гузаронидани таҳлилӣ фаъолияти молиявую хоҷагидории мизоҷ;• Иштирок намудан дар кумитаҳои қарзӣ;• Барасмиятдарории ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ.Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти олӣ, бакалавр, олии нопурра;• Донистани забони тоҷикӣ (донистани забони англисӣ ва русӣ афзалият дорад);• Омода будан дар кори гурӯҳи.Шароити хуби кори:• Музди меҳнати рақобатпазир ва мукофотпулиҳо;• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ;• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Омузишҳо ва тренингҳо;• Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои ҳадди аққал ҷавобгӯянд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
2 недели назад Гиссар

Специалист по работе с клиентами микро бизнеса в г.Гиссар
Банк Эсхата в г.Гиссар объявляет конкурс на должность Специалиста по работе с клиентами микро бизнеса.Основные требования: высшее или неполное высшее образование; опыт работы приветствуется; уверенное владение техникой продаж; развитые коммуникативные навыки; высокая степень ответственности; умение работать в команде.Основные обязанности: Проведение маркетинговых мероприятий среди потенциальных клиентов (по привлечению сбережений, установке QR-платежей - эквайринг, предложение кредитов клиентам малого и среднего бизнеса); Помощь клиентам в подаче заявки; Проведение полного кредитного анализа, посещение места жительства и деятельности клиента, заключение договора на организацию безналичных расчетов электронными средствами платежа; Подготовить предложения кредитному комитету; Контроль за использованием и погашением кредитов.Условия работы: высокая заработная плата; высокая премиальная мотивация; официальное трудоустройство; перспектива профессионального и карьерного роста и развитии. Анкеты принимаются до 31 августа 2026 года по адресу г.Гиссар, ул.И.Сомони-2 или по эл.почте job@eskhata.tj. Телефон: (3139) 25656
4 недели назад Гиссар

Специалист по обслуживанию клиентов
Обязанности:ЗАО Банк ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ приглашает специалистов присоединиться к нашей команде на должность "Специалиста по обслуживанию клиентов" в филиал Гиссар. Если вы стремитесь развиваться в банковской сфере и хотите работать в стабильном и развивающемся учреждении, эта вакансия для вас!Требования:Высшее образование в области банковского дела, экономики или финансов.Опыт работы в банковской или финансово-экономической сфере — приветствуется.Знание региона деятельности, торгово-предпринимательской среды в РТ.Знание банковских продуктов и услуг, процессов обслуживания клиентов.Понимание порядка проведения банковских операций и банковской отчетности.Хорошие навыки работы с компьютером и ведения документооборота.Базовые знания законодательства в сфере малого кредитования, депозитов, оформления кредитов и права собственности.Умение работать в коллективе и создавать благоприятную рабочую атмосферу.Коммуникабельность и способность взаимодействовать с клиентами.Знание таджикского, русского и английского языков — будет большим преимуществом.Условия:Мы предлагаем:Конкурентоспособную заработную плату.Дружный коллектив и комфортные условия труда.Возможности для профессионального роста и развития.Если вы хотите стать частью нашей команды и внести свой вклад в развитие банковского сектора, отправляйте свое резюме на адрес: career@imon.tj или hasanova@imon.tjПрисоединяйтесь к Банку ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ и развивайтесь вместе с нами!
4 недели назад Гиссар

Душанбе (103), Худжанд (33), Бохтар (Курган-Тюбе) (14), Яван (9), Вахдат (7), Истаравшан (7), Куляб (7), Рудаки (7), Шахритус (7), Турсунзаде (5), Бободжон Гафуров (4), Восе (4), Джалолиддин Балхи (Руми) (3), Спитамен (3), Фархор (3), Вахш (2), Зафарабад (2), Кабодиён (2), Канибадам (2), Матча (2)