Мутахассис оид ба хизматрасонии муштариён - Ҷайҳун
ҶСП Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» мутахассисонро барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ ба вазифаи «Мутахассис оид ба хизматрасонии муштариён» даъват менамояд.Агар шумо хоҳиши рушд дар соҳаи бонкдориро дошта бошед ва дар муассисаи устувор ва рушдёбанда кор кардан хоҳед, ин ҷойи корӣ маҳз барои шумост!Вазифаҳо:*Хизматрасонӣ ба муштариёни бонк ва машварат оид ба маҳсулот ва хидматҳо*Кушодан ва пешбурди суратҳисобҳо, ба расмият даровардани пасандозҳо, кортҳо ва интиқолҳо*Гузаронидани амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва хазинавӣ, тартиб додани ҳуҷҷатҳо дар барномаи бонкӣ*Қабул ва ба расмият даровардани аризаҳои қарзӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ*Пешниҳоди маҳсулоти мувофиқи бонк ба муштариён ва иҷрои нақшаи фурӯш*Ҷалби муштариёни нав ва нигоҳдории муносибат бо муштариёни мавҷуда*Кор бо муроҷиатҳои муштариён ва ҳалли масъалаҳои бавуҷудомада*Риояи талабот оид ба шиносоии муштариён ва тартиботи дохилии бонкТалабот:*Маълумоти олӣ дар соҳаи бонкдорӣ, иқтисодиёт ё молия*Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ ё молиявию иқтисодӣ — бартарӣ дорад*Донистани минтақаи фаъолият ва муҳити савдою соҳибкорӣ дар ҶТ*Донистани маҳсулот ва хидматҳои бонкӣ, равандҳои хизматрасонӣ ба муштариён*Дарки тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ ва ҳисоботи бонкӣ*Малакаи хуби кор бо компютер ва пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ*Донишҳои асосии қонунгузорӣ дар соҳаи қарздиҳии хурд, пасандозҳо, ба расмият даровардани қарзҳо ва ҳуқуқи моликиятМо пешниҳод менамоем:*Музди меҳнати рақобатпазир*Дастаи дӯстона ва шароити мусоиди корӣ*Имкониятҳои рушди касбӣ ва пешрафти хизматӣАгар шумо хоҳед узви дастаи мо шавед ва дар рушди соҳаи бонкдорӣ саҳм гузоред, резюмеи худро ба суроғаи career@imon.tj ирсол намоед.Ба Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ҳамроҳ шавед ва бо мо якҷоя рушд кунед!
Имрӯз Ҷайҳун (Қумсангир)

Душанбе (107), Хуҷанд (23), Бохтар (Курғон-Теппа) (14), Ёвон (11), Кӯлоб (8), Ваҳдат (7), Ҳисор (7), Рӯдакӣ (7), Шаҳритӯз (7), Истаравшан (6), Восеъ (4), Спитамен (4), Бобоҷон Ғафуров (3), Турсунзода (3), Фархор (3), Ашт (2), Вахш (2), Ҷалолиддин Балхӣ (Румӣ) (2), Дӯстӣ (Ҷиликул) (2), Исфара (2)