Бонкир - Коршиноси қарзӣ дар н.Колхозобод
Тими мо Бонкдореро меҷӯяд, ки вазифаи асосиаш машварат ба мизоҷон оид ба тамоми маҳсулоти бонкӣ, кумак дар барасмиятдарории онҳо ва ҷавоб ба саволҳои бамиёномада мебошадКор дар IBT ин:• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ• Музди меҳнати устувор, мукофотпулӣ барои натиҷаи хуб ва низоми шаффофи KPI• Шартҳои махсус барои хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо ба ғизо ва алоқаи корпоративӣ• Тренингҳо, машғулиятҳо ва курсҳои мунтазам барои рушди касбӣ• Фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ ва тамоми шароит барои нишон додани тавоноии худИн кор барои Шумост, агар Шумо:• Мутахассиси дорои таҳсилоти миёна, олии нопурра ва олӣ бошед• Мехоҳед донандаи хуби соҳаи фурӯш бошед• Мехоҳед рушди мансабии худро дар соҳаи бонкӣ созмон диҳед• Хайрхоҳ, хушхулқ, ба стресс тобовар ҳастед ва ҳамеша барои кумак расонидан омодаедВазифаҳои асосии Шумо инҳо мешаванд:• Пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ (ҳамаи намуди кортҳо, қарзҳо, интиқоли пул) ва хизматрасониҳои IBT• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда• Кумак дар барасмиятдарории маҳсулоти асосӣ ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ• Ҳамдигарфаҳмии комил бо мизоҷон ва нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба онҳоДар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви тими IBT шаведТелефони Маркази тамос: 1155
4 рӯз пеш Ҷалолиддин Балхӣ (Румӣ)

Корманди қарзӣ дар н.Ҷ.Балхӣ
ҶДММ ТАҚХ «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 то инҷониб қарзҳои хурду миёна дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ медиҳад.Миссияи ФУРУЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ мебошад. Муассисони Ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.Вазифаи кор:• ҷалб намудани қарзгирони эхтимолӣ, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;• маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;• тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;Талабот:• маълумоти миёна (ё олӣ);• тасаввурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;• донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;• қобилияти робитасозӣ ва муошират;• тавонистан кор бо компютер (excel, word).Довталабони ҳавасманд метавонанд анкетаи худро ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48. Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Имрӯз Ҷалолиддин Балхӣ (Румӣ)

Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон Балхи
ҶДММ ТАҚХ OXUS яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои тиҷорат, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна медиҳад. OXUS Group инчунин дигар филиалҳо дорад, ки дар Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд. ҶДММ ТАҚХ OXUS, ки дар зиёда аз 35 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда, довталабонро барои ишғоли ҷойҳои холӣ даъват менамояд. Вазифаи ишғолкунанда:Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон (1 нафар) Ҷои фаъолият: ноҳияи Ҷ. Балхи Вазифаҳои асоси: • Машварат додан ба мизоҷони эҳтимолӣ ва фаъол дар бораи маҳсулотҳои қарзии Ташкилот, муайян кардани талаботи мизоҷон ва пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ, ки ба талаботҳои эълоншуда ҷавобгу мебошанд; • Муайянкунии шахсияти мизоҷон аз рӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда; • Мусоидат ба мизоҷон дар пуркунии варақаҳои лозимӣ; • Пур кардании аризаи электронӣ ва ворид кардани маълумоти зарурӣ дар бораи қарзгирандагон; • Дар рафти хизматрасонӣ ба мизоҷон маълумотҳои гирифта шударо дуруст ва бехато ворид намудан; • Чоп кардан ва нигоҳ доштани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо зарур мебошанд; • Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо; • Гузаронидани расмиёти фаҳмондадиҳӣ ва имзогузории шартномаҳо ҳангоми додани қарз; Шароити хуби кори: • Пардохти алоқаи мобилӣ; • Сари вақт гирифтани музди меҳнатӣ; • Омузишҳо ва тренингҳо; Ба афзалият дода мешавад. Музди маоши хуб кафолат дода мешавад. Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд: нохияи Ҷ. Балхӣ (Руми), шахраки С.Исоев, кучаи Айни, хонаи 16, хуҷраи 2, Ё ин ки бо почтаи электронии зерин бо нишон додани - « Мутахассиси Қарздиҳӣ » дар мавзуи мактуб равон намоед kurgantube.administration@oxus-tj.org ё recruitment@oxus-tj.org Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 13 августи соли 2026. Рақами телефон: (992) 918 23 06 85 Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд
3 ҳафта пеш Ҷалолиддин Балхӣ (Румӣ)

Душанбе (111), Хуҷанд (22), Бохтар (Курғон-Теппа) (13), Ёвон (9), Ваҳдат (7), Ҳисор (7), Кӯлоб (7), Рӯдакӣ (7), Шаҳритӯз (7), Истаравшан (6), Восеъ (4), Турсунзода (4), Бобоҷон Ғафуров (3), Спитамен (3), Фархор (3), Вахш (2), Дӯстӣ (Ҷиликул) (2), Зафаробод (2), Қубодиён (2), Мастчоҳ (2)