Саволҳои маъмул
Бақайдгирӣ дар сомона
- Ба қайд гирифтани рақами телефон барои чӣ лозим аст?
- Чӣ кор кунам, агар ба ман SMS-код наояд?
- Чӣ хел маълумоти шахсиро дар аккаунт иваз кунам?
- Чӣ хел ба аккаунт логотип илова кунам?
- Чӣ хел аккаунтро пурра нест кунам?
Ҷойгиркунии эълонҳо
- Эълонро чӣ хел ҷойгир кунам?
- Барои чӣ эълон тафтиш карда мешавад?
- Барои чӣ ман эълони худро пас аз ворид кардан дарҳол намебинам?
- Барои чӣ эълони ман рад/баста шуд?
- Барои чӣ рақами телефон дар эълонҳо пурра намебароянд?
- Барои чӣ модератор аз матн ё сарлавҳа рақами телефонро тоза мекунад?
- Чӣ гуна сурат ворид кардан иҷозат аст?
- Рад шудани эълон “Бо сабаби такрор будани он” чӣ маъно дорад?
- Дар матни эълон бояд чӣ нависам?
- Дар матни эълони ҷои кори холӣ бояд чӣ нависам?
- Барои чӣ эълони ман тағйир дода шуд?
«Ӯтоқи шахсӣ» ва идоракунии эълонҳо
- Чӣ хел санаи эълонро нав кунам?
- Чӣ хел ба эълон тағйирот илова кунам?
- Чӣ хел эълонро маҳкам кунам, пас аз фурӯхтан?
- Чӣ хел эълони маҳкамро фаъол кунам?
- Чӣ хел эълонро пурра нест кунам?
- Чӣ хел сурат илова кунам?
- Барои чӣ дар эълони ман статус “Фурӯхта шуд” нишон медиҳад, ҳол он ки фурӯхта нашудааст?
- Барои чӣ эълони “Мехарам”, “Мекобам” ворид кардан мумкин нест?
- Ба кадом банд эълонро ворид кунам?
- Барои чӣ дар як эълон якчанд молу хизматрасонӣ ворид кардан мумкин нест?
- Чӣ хел рақами иловагӣ дохил кунам ё рақами телефони аккаунтро иваз кунам?
- Барои чӣ ҳама рақамҳои телефони маро як аккаунт кардед?
Хизматрасониҳои пулакӣ
- Чӣ хел эълонро ба ТОП/VIP ҷойгир кунам?
- Нархи ҷойгир кардани эълон ба ТОП/VIP чанд аст?
- Дар суратҳисоби манд чанд қадар маблағ хаст?
- Таърихи пардохтҳои худро чӣ хел метавонам бинам?
- Эълонҳои ТОП/VIP худро дар сомона чӣ хел ёбам?
- Эълони дар ТОП будаи маро қабул накардед. Маблағи ман куҷо шуд?
Усулҳои пуркунии ҳамён
- Ҳамёнро дар сомона чӣ хел пур кунам?
- Пуркунии ҳамён бо воситаи терминал
- Пуркунии ҳамён аз суратҳисоби сим-корт
- Пуркунии ҳамён бо қарз аз корти “Салом” Бонки Алиф
- Пуркунии ҳамён аз барномаи Алиф моби
Саволҳои дигар
- Огоҳномаро барои хабар ёфтан оиди эълонҳои нав дар зербанди лозима чӣ хел фаъол кунам?
- Ивазшавии нархи моли худро чӣ хел фаъол кунам?
- Мошини худро чӣ хел ба насия фурӯшам?
- Тарзи баромадан ба алоқа бо мо
Бақайдгирӣ дар сомона
Ба қайд гирифтани рақами телефон барои чӣ лозим аст?
Пеш аз ворид кардани эълон, ҳар як истифодабаранда дар сомона ҳатман ба қайд гирифта мешавад. Ин функсия барои таъмин кардани бехатарӣ ва боварӣ байни харидорону фурӯшандагон лозим аст. Бе қайдкунӣ, истифодабаранда шахсияти худро тасдиқ намекунад ва ин боиси амалӣ гардидани қаллобӣ ва фиребгарӣ мешавад. Ба қайд гирифтани рақами телефон дар сомона, кафолат медиҳад, ки шахсони бегона ба ӯтоқи шахсии фурӯшанда дастрасӣ пайдо намекунанд. Истифодабарандаи дар сомона ба қайд гирифташуда, метавонад саҳифаи шахсию эълонҳои худро идора кунад ва омори фурӯшҳои худро пайгирӣ намояд. Бақайдгирӣ сифати хизматрасониҳои аз тарафи сомона пешкаш шударо беҳтар карда, муҳити бехатар ва қуллай барои ҳама истифодабарандагон фароҳам меорад.
Чӣ кор кунам, агар ба ман SMS-код наояд?
1. Эътибор диҳед, ки шумо рақами телефонро дуруст ворид кардаед.
2. Таваҷҷӯҳ намоед, ки ҳангоми бақайдгирӣ шумо метавонед танҳо рақами телефони мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоред.
3. Эътибор диҳед, ки шумо дар доираи фарогирии шабака ҳастед.
4. Эътибор диҳед, ки дар телефони мобилии шумо SMS паёмакхо фаъоланд.
5. Дар танзимоти паёмакҳои телефони худ "Паёмакҳои пинҳоншуда" ё саҳифаи спамро санҷед
6. Агар аз лаҳзаи дархости код зиёда аз 10 дақиқа гузашта бошад, пас дархости нав равон намоед.
Чӣ хел маълумоти шахсиро дар аккаунт иваз кунам?
Маълумоти шахсиро дар саҳифаи "Танзимоти ман" дар ӯтоқи шахсии худ иваз карда мешавад.
Тугмачаи “Иваз намудани маълумоти тамос”-ро зер кунед.
Пас аз ин саҳифаи иваз кардани маълумоти тамосии шумо, шаҳр, ном ва почтаи электронӣ кушода мешавад.
Чӣ хел ба аккаунт логотип илова кунам?
Илова кардани логотипи ширкат танҳо пас аз пайваст намудани Премиум-аккаунт мумкин аст. Дар ин бора метавонед аз ин чо маълумот гиред: https://somon.tj/pro/
Чӣ хел аккаунтро пурра нест кунам?
Барои пурра нест кардани аккаунт, ба ӯтоқи шахсии худ ворид шавед ва ба саҳифаи "Танзимотм ман" гузаред, пас тугмачаи "Пурра нест кардани аккаунт" -ро зер кунед.
Дар саҳифаи кушодашуда, рақами телефони аккаунти худро нависед. Пас аз ворид кардани рақам, тугмачаи "Идома додан" -ро зер кунед. Ба ин рақам SMS бо код равон мешавад. Кодро дар сомона ворид кунед ва нест кардани аккаунтро тасдиқ кунед.
Дар барнома ба “Ӯтоқи ман” - “Танзимотҳо” ворид шавед ва тугмачаи “Пурра нест кардани аккаунтро” -ро зер намоед
Диққат!
Ин амалро бекор кардан мумкин нест! Аккаунт дар якҷоягӣ бо ҳама маълумот (эълонҳо, пул аз ҳамён, тамоми таърих) бе бозгашт нест карда мешавад. Аккаунтро гашта бо тамоми маълумоташ барқарор кардан ғайриимкон аст. Шумо метавонед бо ин рақам танҳо пас аз 30 рӯз аз лаҳзаи нест кардан боз ворид шавед.
Ҷойгиркунии эълонҳо
Эълонро чӣ хел ҷойгир кунам?
Барои ҷойгир кардани эълон аз версияи пурраи сомона, тугмачаи “Дохил кардани эълонро” дар боло аз тарафи рост, зер кунед
Ба шумо саҳифаи нашри эълон кушода мешавад, ки дар он бояд бандҳои зеринро пур кунед:
Банд ва зербандро интихоб кунед, ки ба эълони шумо мутобиқ бошад - бо ин роҳ эълони шимо бештар ҷавоб мегирад
Сарлавҳа бояд номи мол ё хизматрасониро дар бар гирифта, фаҳмо ва адабӣ бошад.
Нарх - ин банди ҳатмӣ аст! Дар банди “Нарх” бояд арзиши пурра ва ҳақиқии молро нависед.
Агар шумо Хизматрасонӣ, дохил кунед, пас метавонед нархи “Шартномавӣ” гузоред.
Сурат - Акси аслии моли фуруширо гузоред. Эълонҳое, ки аксҳои баландсифат доранд, нисбат ба эълонҳое, ки акс надоранд, ба ҳисоби миёна 3-5 маротиба бештар ҷавоб мегиранд. Шумо метавонед то 16 адад акс илова кунед.
Дар сурат маълумоти тамос, истинод ва нарх гузоштан мумкин нест.
Истинод ба видеои YouTube: истиноди навори моли худро аз сахифаи YouTube гузоред.
Дар видео маълумоти тамос, истинод ва нарх гузоштан мумкин нест.
Tiktok link: истиноди навори моли худро аз барномаи TikTok гузоред.
Дар видео маълумоти тамос, истинод ва нарх гузоштан мумкин нест.
Видео Навори (видео) маҳсулоти худро дохил кунед, диққати бештари харидоронро ҷалб мекунад
Ҳаҷми максималии видео аз компютер 500 мегабайт, формат .mpg, .mp4, .mov
Шарҳ - Шарҳи мол, хизматрасонӣ ё ҷои кории худро ворид намоед. Матн бояд пурра, бо тафсил, бе хато ва саҳеҳ бошад - ин ба шумо имкон медиҳад, ки маҳсулотро зудтар фурӯшед ва аз саволҳои иловагии мизоҷони эҳтимолӣ канорагирӣ кунед.
Дар шарҳ навиштани маълумоти тамос, истинод ва нарх мумкин нест
Номи худро нависед, ки дар саҳифаи эълони шумо нишон дода мешавад.
Минтақа - Аз рӯйхати минтақаҳо шаҳр, ноҳия ё минтақаи ҷойгиршавии худро интихоб кунед. Донистани маҳалла ва минтақаи ҷойгиршавии шумо ба харидор/мизоҷ кӯмак мекунад, ки фаҳмад дар куҷо ҳастед..
Почтаи электронии худро нависед то ин ки оиди ҷавобҳои нав вобаста ба эълонҳои худ огоҳӣ гиред.
Агар хоҳед, шумо метавонед ин бандро холи монед.
Дар банди “Телефон” шумо метавонед интихоб кунед
- Телефон ва чат - дар ҳолати интихоби ин вариант, харидорон метавонанд ба шумо ҳам занг зананд ва ҳам дар чат нависанд
- Танҳо телефон - дар ҳолати интихоби ин вариант, харидорон метавонанд ба шумо танҳо занг зананд
- Мессенджер:
Whatsapp - Агар рақами телефони аккаунти шумо ба Whatsapp пайваст бошад, пас ба ин вариант аломати қайд гузоред. Баъд аз ин истифодабарандагони сомона метавонанд ба шумо дар Whatsapp нависанд
Барои анҷом додани вориди эълон, тугмачаи "Дохил кардани эълон" -ро зер кунед ва пас аз ин эълони шумо ба тафтиш равон мешавад
Тафтиши эълон аз 3 дақиқа то 3 соат вақтро метавонад гирад.
Барои чӣ эълон тафтиш карда мешавад?
Тафтиши ҳатмии ҳар як эълон бо сабабҳои зерин сурат мегирад:
-
барои ҳимоя кардани истифодабарандагон аз фиребгарон
-
барои нест кардани маълумоти ғайриқонунӣ
-
барои ёрӣ расонидан ба истифодабарандагон дар пуркунии эълон.
Танҳо бо шарофати тафтиши ҳамаҷонибаи эълонҳо, дар сомона ҳама эълонҳо дар зербандҳои мувофиқ бо сарлавҳаи дуруст ҷойгир карда мешаванд ва ҳар як харидор метавонад ба зудӣ маҳсулот ё хизматрасонии даркориро пайдо намояд.
Барои чӣ ман эълони худро пас аз ворид кардан дарҳол намебинам?
Ҳар як эълон пас аз пур шуданаш, ҳатман тафтиш карда мешавад. Тафтиши эълон метавонад аз 3 дақиқа то 3 соат вақтро гирад. Пас аз тафтиш, эълонро тавассути ҷустуҷӯ ё дар зербандҳои мувофиқ пайдо кардан мумкин аст.
Барои чӣ эълони ман рад/баста шуд?
Агар эълон рад/тоза карда шавад, ба чати шуъбаи техникӣ ва почтаи электронии шумо паёмак бо сабаби рад/тоза шудан равон мегардад
Инчунин, сабаби рад/тоза шудани эълон, дар ӯтоқи шахсии шумо дар банди «Эълонҳои ман» дастрас аст
Инчунин, барои фаҳмидани сабаб, эълони дакрориро интихоб кунед ва дар сатри "Рад карда шуд. Сабабашро дидан" - тугмаи "Муфассал" -ро зер кунед
Агар эълони шумо "рад" шуда бошад, шумо метавонед онро тағйир диҳед, хатогиро ислоҳ кунед ва онро ворид намоед.
Агар эълони шумо аз ҷониби модератор баста шуда бошад, шумо онро тағйир ё ворид карда наметавонед.
Сабабҳои асосии рад шудани эълон:
1. Эълон дар зербани нодуруст гузошта шуда аст.
2. Дар эълон маълумоти кам аст. Шумо дар бораи маҳсулот, хизматрасонӣ ё ҷои кори худ маълумоти хеле кам навиштаед. Бо он маълумоте, ки дар эълон аст, маълум нест, ки шумо маҳз чӣ мехоҳед фурӯшед. Бо муфассал шарҳ додани маҳсулот, шумо худро аз зарурияти ҷавоб додан ба зангҳо ва саволҳои тамоман нолозим халос мекунед.
3. Сурати нодуруст. Агар шумо сурат бо маълумоти тамос (рақами телефон, почтаи электронӣ, истинод) ё нарх илова карда бошед, эълон рад карда мешавад, Бо қоидаҳои сомона ин манъ аст.
4. Якчанд мол дар дохили як эълон. Танҳо як маҳсулотро бо суратҳои худ, шарҳи худ, параметрҳо ва нархи пурраи худ ворид кардан мумкин аст. Агар эълони шумо дорои якчанд молу маҳсулот бошад, эълонро иваз кунед ва барои ҳар як маҳсулот, хизматрасонӣ ё ҷои кори холӣ эълони алоҳида ҷойгир кунед. Аксар вақт харидор молу, маҳсулот ва эълони аниқро меҷӯяд. Ба истиснои фурӯши якҷояи мол ба як нархи умумӣ.
5. Нарх нест / Нарх нодуруст аст. Нарх яке аз омилҳои асосии хариду фурӯш аст. Ҳангоми ҷустуҷӯи маҳсулоти даркорӣ, харидор мехоҳад донад, ки маҳсулот чӣ қадар арзиш дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки нархи пурра ва дурусти маҳсулотро бо пули миллӣ нишон диҳед.
Сабабҳои асосии баста шудани эълон:
1. Эълони такрор. Самаранокии эълонҳо пеш аз ҳама аз сифат ва беназирии онҳо вобастаги доранд. Мо ба эълонҳои такрор иҷозат намедиҳем, ҳатто агар эълони такрорӣ аллакай маҳкам бошад. Ҳама эълонҳои такрорӣ ҳангоми тафтишот тоза карда мешаванд.
2. Мехарам/Мекобам. Мо эълони талаботро қабул намекунем, масалан: "Ман мошин мехарам". Агар шумо хоҳед, ки маҳсулот харед ё хизматрасонии даркориро пайдо намоед, пас пешниҳодҳои дар сомона ҷойгиршударо даромада бинед.
3. Мол ва хизматрасониҳои манъшуда. Рӯйхати маҳсулотҳо (молҳо, ашёҳо), хизматрасониҳо ва пешниҳодҳое мавҷуд аст, ки дар Somon.tj ҷойгир карданашон манъ аст, зеро онҳо қонунгузории амалкунандаро вайрон мекунанд, шартҳои иловагӣ, иҷозатномаҳо, патентҳоро талаб мекунанд ё ба сиёсати дохилӣ мувофиқат намекунанд ва номатлуб мебошанд. Муфассал: Молҳо ва хизматрасониҳои манъшуда
Барои чӣ рақами телефон дар эълонҳо пурра намебароянд?
Миқдори зангҳо байни харидорон ва фурӯшандагон нишондиҳандаи асосии кори мо аст. Мо як қисми телефонро пинҳон мекунем, то тавонем миқдори зангҳоро чен кунем ва сифати кори худро беҳтар созем.
Барои чӣ модератор аз матн ё сарлавҳа рақами телефонро тоза мекунад?
Мо ҳавасмандем, ки шумораи зангҳои харидорон ба фурӯшандагон зиёд шаванд. Барои ин мо бояд миқдори зангҳоро чен карда тавонем. Аз ҳамин сабаб сатри "Телефон" ягона банде аст, ки шумо метавонед маълумоти тамосро гузоред. Ҳар як зер шудани ин тугмача аз тарафи харидорон, ба омори сомона меравад.
Чӣ гуна сурат ворид кардан иҷозат аст?
Қоидаи асосии савдои бомуваффақият - ин аксҳои хуб, босифат ва равшан аст.
Қоидаҳо:
- Суратҳо бояд бо сарлавҳа ва матни эълон мутобиқат кунанд
- Суратҳои зинда ворид кунед (яъне сурати аслии маҳсулот). Суратҳо аз Интернет харидоронро дур мекунанд
- Дар сурат гузоштани нарх, маълумот барои тамос ва истинод (ссылка) манъ аст
- Суратҳои дар барномаҳои махсус коркардшударо истифода набаред (масалан: якранг кардани фон, гузоштани матн дар болои сурат, рамкаҳои ранга ва ғайра)
- Иловаи сурат бо ин калимаҳо манъ аст: иқдом, таъҷилӣ, мефурӯшам ва ғайра ба ин монанд
- Ҳангоми фурӯши молҳои истифодашуда, дар сурати асосӣ бояд акси аслии маҳсулот бошад
Дар банди "Хизматрасониҳо" шумо метавонед сурати кори худро ҷойгир кунед.
Рад шудани эълон “Бо сабаби такрор будани он” чӣ маъно дорад?
Агар эълон бо сабаби "Такрорӣ буданаш" рад шуда бошад, ин маънои онро дорад, ки шумо аз як ё якчанд аккаунт (рақамҳои телефон) эълонҳои якхела ворид карда истодаед. Хоҳишмандем як маҳсулот ё хизматрасониро такроран дохил накунед.
Самаранокии эълонҳо пеш аз ҳама аз сифат ва беназирии онҳо вобастаги доранд. Мо ба эълонҳои такрор иҷозат намедиҳем, ҳатто агар эълони такрорӣ аллакай маҳкам бошад. Ҳама эълонҳои такрорӣ ҳангоми тафтишот тоза карда мешаванд
Хоҳишмандем бо тавсияҳои мо кор кунед:
- то ба охир расидани мӯҳлати эълон, онро маҳкам накунед ва дубора ворид накунед
- ҷойгиркунӣ ва/ё такроран ҷойгиркунии эълон манъ аст (яъне тоза кардани эълони кӯҳна ва сохтани эълони нав)
- ҳангоми ворид кардани эълонҳо як хел сарлавҳа, як хел сурат ва як хел матнро истифода набаред
- як эълонро дар якчанд шаҳр ё зербанд ворид накунед - танҳо як шаҳр ва зербани мутобиқро интихоб кунед
- як маҳсулот ё хизматрасониро бо дигар калимаҳо навишта ворид накунед, зеро дар ин ҳолат мазмуни худи маҳсулот ё хизматрасонӣ дигар намешавад
Дар матни эълон бояд чӣ нависам?
Матн бояд пурра бо худи маҳсулот/хизматрасонии пешниҳодшуда мутобиқат кунад. Дар як эълон танҳо як маҳсулот/хизматрасониро шарҳ додан ичозат аст.
- дуруст ва бодиққат нависед, хато накунед, фикрҳои худро равшан баён кунед, то мизоҷон фаҳманд, ки шумо маҳз чӣ пешниҳод мекунед
- тамоми ҷузъиёт, хусусиятҳо, афзалиятҳои маҳсулотро ва сифати хизматрасониро нависед.
Масалан, агар шумо хонаро шарҳ додан хоҳед, тамоми бартариҳои ҷойгиршавӣ, ҳолати таъмири дохилӣ ва бартариҳои иловагии манзили худро нависед.
Дар “Матни эълон” манъ аст:
- навиштани рақами телефон, почтаи электронӣ. Барои ин маълумотҳо ҷойҳои махсус ҳастанд, маълумоти дигари тамосро метавонед дар рафти мусоҳиба пешниҳод кунед
- навиштани нархи маҳсулот. Истисно: банди "Хизматрасониҳо"
- навиштани истинодҳо (ссылка) ба дигар манбаъҳо
- навиштани маълумоти нодуруст ё бардурӯғ, инчунин пинҳон кардани камбудиҳои маҳсулот метавонад боиси баста шудани эълон гардад.
Аҳамият диҳед, ки эълонҳои дорои мазмун ё маънои якхела қабул намешаванд.
Дар матни эълони ҷои кори холӣ бояд чӣ нависам?
Барои зиёд кардани посухҳо ба ҷои кори шумо, мо тавсия медиҳем, ки матни эълонро муфассал пур кунед. Дар ин сурат довталаб мефаҳмад, ки ӯро ба куҷо даъват мекунанд ва бо чӣ кор машғул мешавад.
Тавсияҳо барои матни эълон:
- номи ширкат ва самти фаъолияти онро нависед. Агар ширкат ба фурӯш машғул бошад, пас номи маҳсулоти фурӯширо ё бренди маҳсулотро нависед
- талаботҳоро ба довталаб нависед (маҳорат, тахассус, таҷриба)
- масъулиятҳои кориро нависед (довталаб маҳз чӣ кор мекунад)
- шароити кориро нависед (реҷаи кор, маош, тавсифи иловагӣ)
- сатри «Маош»-ро пур кунед, зеро ин омили муҳимтарин ҳангоми ҷустуҷӯи кор аст. Дар хотир доред, ки ҷойҳои холии бе маош аз довталабон 50% камтар посух мегиранд
- маълумоти иловагиро дар бораи ширкати худ нависед, то ҷои кори шумо аз дигар пешниҳодҳои сомона фарқ кунад. Масалан: омӯзиши корпоративӣ, ҷуброни варзишӣ, либоси корпоративӣ, нақлиёти корпоративӣ, хӯроки нисфирӯзии ройгон, ҷуброни телефони мобилӣ ва ғайра.
Муҳим аст:
1. Тибқи моддаи 7 Кодекси Меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст. Дар асоси ин модда навиштани ҷинси довталаб дар матни эълон манъ аст.
2. Бо мақсади роҳ надодан ба нороҳатӣ ва вайрон кардани дахолатнопазирии шахсӣ, тибқи қоидаҳои сомона дархост кардани аксҳои довталаб манъ аст.
Барои чӣ эълони ман тағйир дода шуд?
Ҳар як эълон пас аз сохта шуданаш тафтиш карда мешавад. Ҳангоми тафтиши эълон, модератор метавонад дар матн қонуншиканиҳоро пайдо карда, онҳоро мустақилона ислоҳ кунад. Новобаста аз ин, мо ҳеҷ вақт мазмуни эълонро тағйир намедиҳем.
Мо барои беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ кор карда, мехоҳем ба шумо дар рафти дуруст пур кардани эълон ёрӣ расонем. Аз ин рӯ, агар эълон ягон хатогии ночиз дошта бошад, мо онро рад намекунем, балки онро танҳо ислоҳ мекунем, то он ки зудтар ба сомона ворид шавад ва баргашта ба шумо барои дубора ислоҳ кардан равон нашавад.
«Ӯтоқи шахсӣ» ва идоракунии эълонҳо
Чӣ хел санаи эълонро нав кунам?
Барои нав кардани санаи эълон, ба ӯтоқи шахсии худ ворид шавед ва ба саҳифаи "Эълонҳои ман" гузаред. Дар саҳифаи эълон тугмачаи "Нав кардани сана" -ро зер кунед.
Дар барнома ва версияи мобилии сомона, аз рӯйхат эълони даркориро кушоед, дар дохили он тугмачаи "Нав кардани сана" ба шумо дастрас мешавад.
Шумо метавонед санаи эълонро як маротиба дар 14 рӯз ройгон нав кунед. Пас аз нав кардани сана, эълон ба таври автоматикӣ дар рӯйхати зербани худ боло меравад.
Чӣ хел ба эълон тағйирот илова кунам?
Ба саҳифаи "Эълонҳои ман" ворид шавед, эълони даркориро интихоб кунед ва тугмачаи "Ивазкунӣ" -ро зер кунед:
Шумо ба саҳифаи тағйироти эълон дохил мешавед, ки дар он ҷо имконияти тағйир додани ҳама гуна маълумотро пайдо мекунед.
Пас аз ворид кардани маълумоти зарурӣ, дар поёни саҳифа тугмачаи "Тағйир додани эълон" -ро зер кунед ва эълони шумо ба хотир гирифта мешавад.
Дар версияи мобилии сомони ба саҳифаи «Эълонҳои ман» гузаред, эълони даркориро кушоед, дар поёни саҳифа шумо ба тугмачаи «Ивазкунӣ» дастрас мешавад.
* Пас аз тағйир додани ягон маълумот, эълон ба тафтиш равон мешавад.
Чӣ хел эълонро маҳкам кунам, пас аз фурӯхтан?
Барои маҳкам кардани эълон, ба саҳифаи "Эълонҳои ман" гузаред, эълони даркориро пайдо кунед ва тугмачаи "Маҳкамкунӣ" -ро зер кунед
Баъд аз ин, сабаби маҳкам кардани эълонро интихоб кунед ва тугмачаи "Бале, маҳкам кардан" -ро зер кунед
Пас аз ин, эълон аз сомона гирифта мешавад, яъне ҳеҷ кас онро намебинад, ба ғайр аз шумо.
Эълонҳои маҳкам, дар саҳифаи "Эълонҳои ман", дар банди "Маҳкамшуда" ҷойгиранд.
Эълон дар ҳолати "Маҳкам" дар аккаунти шумо 60 рӯз боқӣ мемонад ва пас аз он ба таври автоматикӣ ба "Тозашуда" мегузарад.
Эълон дар ҳолати "Тозашуда" дар аккаунти шумо 14 рӯз боқӣ мемонад ва пас аз он доимӣ нест карда мешавад.
Чӣ хел эълони маҳкамро фаъол кунам?
Барои фаъол кардани эълони маҳкам, дар саҳифаи "Эълонҳои ман" ба банди "Маҳкамшуда" гузаред, эълони даркориро пайдо кунед, онро кушоед ва ба шумо тугмачаи "Дохилкунӣ" дастрас мешавад
Пеш аз фаъолкунӣ, мо тавсия медиҳем, ки то ҳол дар амал будани маълумоти эълонро аз назар гузаронед.
Чӣ хел эълонро пурра нест кунам?
Барои пурра нест кардани эълон, шумо бояд ба ӯтоқи шахсии худ ворид шавед, эълони даркориро интихоб кунед ва тугмачаи "Тозакунӣ" -ро зер кунед
Баъд аз ин, сабаби тоза карданро интихоб намоед ва тугмачаи "Бале, тозакунӣ"-ро зер кунед
Пас аз он, эълон аз сомона гирифта мешавад ва пас аз 14 рӯз аз аккаунт пурра нест карда мешавад.
Дар ин муддат шумо метавонед эълонро "Барқарор" намоед
Эълони пурра нест шударо, дигар барқарор карда намешавад.
Чӣ хел сурат илова кунам?
Барои илова кардани сурат ба эълон, ба саҳифаи "Эълонҳои ман" гузаред ва эълони даркориро барои тағйир додан кушоед. Тавзеҳот: Чӣ хел ба эълон тағйирот илова кунам?
Пас аз он, ба шумо саҳифаи илова кардани суратҳо дастрас мешавад Миқдори ниҳоии илова кардани суратҳо ба эълон - 16 адад аст.
"Иловкунии сурат" -ро зер кунед, суратҳои мувофиқро дар дастгоҳи худ интихоб кунед ва онҳоро гузаронед.
Аҳамият диҳед, ки дар сурат гузоштан мумкин нест: рақами телефон, почтаи электронӣ ва дигар маълумоти шахсӣ/тамосӣ
Ҳангоми фурӯши молҳои истифодашуда, шумо бояд дар ҷои сурати асосӣ, расми аслии маҳсулотро, ки худи фурӯшанда гирифтааст, ҷойгир кунед.
Барои чӣ дар эълони ман статус “Фурӯхта шуд” нишон медиҳад, ҳол он ки фурӯхта нашудааст?
Ҳолати "Фурӯхта шуд" дар эълон бо якчанд сабаб нишон дода мешавад
1) Ба шумо харидор занг зада буд:
- дар посух шумо гуфтед, ки мол фурӯхта шуда аст
- рақами телефони шумо муддати дароз дастнорас буд
- аз лаҳзаи ворид шудани эълон 30 рӯз гузашт
Дар чунин мавридҳо, эълон аз ҷониби маъмурият маҳкам карда мешавад
Барои он ки эълони шумо дубора дар сомона пайдо шавад, онро фаъол кунед.
2) Эълони шумо ҳангоми тафтиш рад ё баста шудааст.
Агар дар эълони шумо хатогӣ ё вайрон кардани қоидаҳо бошанд, он метавонад аз ҷониби модератор рад ё нест карда шавад.
Барои чӣ эълони “Мехарам”, “Мекобам” ворид кардан мумкин нест?
Талабот пешниҳодро ба вуҷуд намеорад ва сабабаш ин аст:
Тасаввур кунед, ки ҳама истифодабарандагон эълони "Мехарам", "Мекобам", "Интизори пешниҳодам" ворид карда, дар интизори ҷавоби он меистанд ва дар сомона эълонҳои фурӯширо тамошо намекунанд.
Дигар нафароне, ки эълони "Мефурӯшам" ё "Пешниҳод мекунам" гузоштаанд, дар мунтазири харидорон меистанд.
Дар натиҷа, ҳама дар интизорӣ қарор гирифта, касе намефурӯшад ва касе намехарад.
Агар шумо хоҳед, ки маҳсулотеро бихаред ё хизматрасониеро пайдо намоед, пас пешниҳодҳои дар сомона ҷойгиршударо тамошо кунед.
Ҳазорҳо эълон алакай дар интизори диққати шумо хастанд.
Ба кадом банд эълонро ворид кунам?
Банд ва зербандеро интихоб кунед, ки ба эълони шумо мутобиқат кунад, то он микдори зиёди тамошоҳоро ба даст орад.
Масалан:
Фурӯш ва иҷораи хонаҳо, корхонаҳо, ҳавлиҳо - ба банди "Амволи ғайриманқул"..
Фурӯши ҳама намуди нақлиёт, қисмҳои эҳтиётӣ, лавозимотҳо, хизматрасонӣ ва таъмири мошинҳо - ба банди "Нақлиёт".
Пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун - ба банди "Хизматрасониҳо".
Телефонҳои мобилӣ, лавозимотҳо, қисмҳои эҳтиётии телефонҳо, таъмир ва хизматрасонии телефонҳо - ба банди "Телефонҳо ва алоқа".
Ҳама пешниҳодҳои корӣ аз ҷониби корфармоён - ба банди "Ҷои кор".
Барои чӣ дар як эълон якчанд молу хизматрасонӣ ворид кардан мумкин нест?
Аксар вақт, мизоҷ ашё, мол ё маҳсулоти махсус меҷӯяд - эълонҳое, ки "Ҳама чиз ва якҷоя" -ро тавсиф мекунанд, самаранок нестанд
Масалан, шумо эълон гузоштед ва дар сарлавҳа навиштед: "Фурӯши молҳои гуногун".
Харидори "Курта" - дар ҷои ҷустуҷӯ калимаи "Курта" -ро менависад.
Чӣ хеле мебинед, ин харидор эълони шуморо намеёбад, зеро дар сарлавҳаи эълони шумо калимаи "Курта" нест.
Дар натиҷа, шумо маҳсулоти худро фурӯхта наметавонед ва харидор он чизеро, ки меҷӯяд, пайдо карда наметавонад.
Аз ҳамин сабаб, барои пешниҳоди манбаъи баландсифат, дар як эълон иҷозат дода мешавад, ки танҳо як маҳсулот бо расмҳои худ, шарҳи худ, нишондодҳо ва нархи аниқи худ ворид карда шавад.
Агар маҳсулоти шумо танҳо бо ранг фарқ кунанд, шумо метавонед онҳоро дар як эълон ҷойгир кунед.
Чӣ хел рақами иловагӣ дохил кунам ё рақами телефони аккаунтро иваз кунам?
Барои иваз кардани рақами телефон дар аккаунт:
- Ба ӯтоқи шахсии худ ворид шавед
- Ба саҳифаи «Танзимоти ман» гузаред
- Ба тугмачаи «Иваз намудани маълумоти тамос» зер кунед
- Дар сатри "Телефон" шумо метавонед ба аккаунти худ рақами иловагӣ дохил кунед ва дар ҳолати зарурӣ рақами кӯҳнаро нест кунед.
Аз барнома:
- Ба «Профиль» ворид шавед
- Ба «Мой профиль» гузаред
- Дар боло аз тарафи рост расми "қалам" аст. Ба он зер кунед
- Тугмачаи «+Add New Phone» - ро зер кунед
- Рақами телефонро илова кунед
- Рақами куҳна дигар лозим набошад, онро тоза кунед
Барои чӣ ҳама рақамҳои телефони маро як аккаунт кардед?
Ҳангоми тафтиши сомона, мо муайян кардем, ки шумо эълонҳоро бо пешниҳоди як махсулот/хизматрасонӣ аз ду ё зиёда рақамҳои телефон ҷойгир мекунед.
Дар натиҷаи таҳлили техникӣ, ба як нафар тааллуқ доштани рақамҳои телефон маълум шавад, онҳо аз ҷониби система ҳамчун такрорӣ ҳисобида шуда, дар як аккаунт муттаҳид карда мешаванд.
Мутобқи банди 2.4 Қоидаҳои сомона, ба як истифодабаранда (ҳам шахси ҳуқуқӣ ва ҳам шахси воқеӣ) танҳо як аккаунти шахсӣ дастрас аст.
Ин чӣ медиҳад?
- Дохил шудан аз ҳама рақамҳои дар аккаунти шумо пайваст буда.
- Барои пур кардани ҳамёни худ, шумо метавонед дилхоҳ рақами дар аккаунт пайваст бударо истифода баред.
- Имконияти ба осонӣ идора кардани эълонҳои худ бо рақамҳои телефонии гуногун. Инчунин, илова кардани рақамҳои дигари даркорӣ ба аккаунт.
Хизматрасониҳои пулакӣ
Чӣ хел эълонро ба ТОП/VIP ҷойгир кунам?
Барои фармоиш додани хизматрасониҳои иловагӣ, ба саҳифаи «Эълонҳои ман» гузаред, дар банди «Ҷойгиршуда» эълони даркориро интихоб кунед ва тугмачаи «Дар ТОП ҷойгир намудан» -ро дар саҳифаи эълон, дар версияи пурраи сомона, пахш кунед.
Агар шумо версияи мобилии сомонаро ё барномаро истифода баред, пас ба саҳифаи "Эълонҳои ман" гузаред ва аз рӯйхати эълонҳои ҷойгиршуда, эълони даркориро кушоед. Ба шумо тугмачаи «Дар ТОП ҷойгир намудан» дастрас мешавад
Баъд аз ин, ба шумо шартҳои чойгир кардани эълон дар "ТОП" ва "VIP" бо шумораи рӯзҳо ва нархнома дастрас мешавад. Барои интихоби хизматрасонии зарурӣ, аломати қайдро гузоред.
Нархи ҷойгир кардани эълон ба ТОП/VIP чанд аст?
Нархи ТОП/VIP аз зербанди эълон ва инчунин аз шумораи рӯзҳои интихобшуда вобаста аст.
Нархи эълони худро, шумо метавонед дар саҳифаи фармоиши хизматрасонӣ бинед.
Масалан:
Дар суратҳисоби манд чи қадар маблағ хаст?
Маълумотро дар бораи чӣ қадар будани маблағ «Дар ҳамён», дар ӯтоқи шахсии худ, дар қисми болои саҳифа дида метавонед.
Тавассути барнома, шумо метавонед ба саҳифаи «Ӯтоқи ман» даромада бинед.
Таърихи пардохтҳои худро чӣ хел метавонам бинам?
Барои дидани ҳама пардохтҳо ва хизматрасониҳои пайвастшуда, дар ӯтоқи шахсии худ ба саҳифаи "Пардохтҳои ман" гузаред.
Шумо ба саҳифаи “Ҳамаи пардохтҳо” ворид мешавед, ва дар он метавонед ҳамаи хизматрасониҳои пайвастшуда ва маблағҳои воридшударо бубинед.
Дар версияи мобилӣ, ба банди "Ӯтоқи ман" ва пас аз он ба саҳифаи "Пардохтҳои ман" дароед:
Дар ҳар як амалиёт шумо метавонед сана ва вақт, намуди амалиёт, маблағ ва ҳолатро бинед.
Ҳолати "Амалӣ шудааст" маънои онро дорад, ки хизматрасонӣ пайваст шудааст, маблағ ба ҳамён ворид шудааст ва шумо метавонед онро истифода баред.
Ҳолати “Интизор аст” маънои онро дорад, ки хизматрасонӣ фармоиш дода шудааст, аммо фаъол нашудааст, зеро он мунтазири пур кардани маблағи зарурӣ мебошад.
Ҳолати "Рад шудааст" маънои онро дорад, ки шумо хизматрасонии фармоиш шударо рад кардед ва тугмачаи "Бекор кардан" -ро пахш кардед.
Барои қулай шудани кори шумо, дар боло ду зербанд ҷудо шудааст: "Пуркуниҳо" ва "Хароҷотҳо". Дар ин зербандҳо шумо метавонед алоҳида маблағҳои пуршударо ва алоҳида хизматрасониҳои фармоиш шударо бинед.
Эълонҳои ТОП/VIP худро дар сомона чӣ хел ёбам?
ТОП ва VIP дар қабати болои зербанди интихобшудаи худи эълон мебароянд.
Барои дидани эълони худ, ба зербанди сатҳи охири дар худи эълон интихобшуда ворид шавед.
Масалан: шумо эълони "4-хонагӣ барои фурӯш" - ро дар ТОП ҷойгир кардед.
Аввал шумо ба банди асосии «Амволи ғайриманқул» ворид мешавад, пас аз он ба зербанди сатҳи дуюм «Фурӯши хонаҳо» ва пас аз он зербанди сатҳи сеюм «4-хонагӣ» -ро интихоб мекунед.
Аввал ҳама эълонҳои VIP мебароянд, пас аз онҳо ҳама эълонҳои ТОП мебароянд ва пас аз ҳама эълонҳои оддӣ нишон дода мешаванд.
Эълони дар ТОП будаи маро қабул накардед. Маблағи ман куҷо шуд?
Шумо эълонро дар ТОП/VIP ҷойгир кардед, маблағи даркориро супоридед, лекин эълон то ҳол дар сомона нест.
Бо сабабҳои зерин ин тавр шуда метавонад:
- Эълон ҳоло аз тафтиши модератор нагузаштааст. Интизор шавед, то ин ки эълон аз тафтиш гузарад.
- Эълон бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои сомона рад карда шудааст
- Дар хамён маблағ кифоя нест ва хизматрасонӣ пайваст нашудааст. Тафтиш намоед, ки маблағ гузаштааст ё не.
Агар шумо ҳамаашро тафтиш кардед ва сабабаш ҳоло ҳам нофаҳмо бошад, пас ба мо дар чати дастгирӣ ё ба почтаи help help@somon.tj нависед, мо ҳамаашро дуруст мекунем.
Мутахассисони шуъбаи техникӣ барои кумак расонидан ба шумо ҳамеша омода хастанд.
Усулҳои пуркунии ҳамён
Ҳамёнро дар сомона чӣ хел пур кунам?
Барои пур кардани ҳамён, ба саҳифаи "Эълонҳои ман" дохил шавед. Дар болои саҳифа аз тарафи рост, тугмачаи "Пуркунии ҳамён" - ро зер кунед.
Пас аз он, маблағи даркориро интихоб намоед ва дар поён яке аз усули пардохтро интихоб кунед, пас тугмачаи "Давом додан" - ро зер кунед.
Пуркунии ҳамён бо воситаи терминал:
Ҳамёнро тариқи ҳамаи намуди терминалҳо пур карда мешавад.
- Дар экрани дилхоҳ терминали шаҳр Somon.tj-ро ёбед.
- Рақами телефони дар эълони шумо қайдшударо ворид кунед.
- Маблағро гузаронед.
- Баъд аз гузаронидан маблағ, он ба "Ҳамён" - и шумо дар сомона мегузарад.
Диққат! Агар шумо пеш аз гузаронидани маблағ ягон хизматрасониро интихоб карда бошед, он баъд аз пур кардани ҳамён ба таври автоматикӣ пайваст мешавад.
Барои шахсони ҳуқуқӣ имконияти пур кардани ҳамён тариқи ҳисоби буҷаи корхона ҳаст.
Барои ин ба почтаи мо help@somon.tj ё ин ки ба чати дастгирӣ аз соати 9:00 то 18:00 дар рӯзҳои корӣ ва аз соати 13:00 то 19:00 дар рӯзҳои истироҳат нависед.
Пуркунии ҳамён аз суратҳисоби сим-корт:
Шумо метавонед ҳамёни худро аз сим-кортҳои Babilon-M, МегаФон-Тоҷикистон, Tcell, Zet-Mobile пур кунед. Барои ин лозим аст:
1. Дар банди “Усули пардохтро интихоб намоед” - усули “Аз суратҳисоби Babilon-M, МегаФон-Тоҷикистон, Tcell, Zet-Mobile” - ро интихоб кунед ва тугмачаи “Давом доданро” - ро зер намоед.
2. Рақами телефонеро, ки аз он пул гирифтан мехоҳед нависед ва тугмачаи "Давом додан" - ро зер кунед
3. Тариқи СМС ба рақами шумо код равон мешавад, онро нависед.
Пас аз иҷро кардани дастурамали дар боло навишташуда, маблағ ба ҳамёни шумо дар Somon.tj мегузарад ва хизматрасонии пештар интихобшуда пайваст карда мешавад.
МУҲИМ АСТ ДОНИСТАН:
- баъд аз пардохт намудани хизматрасонӣ дар суратҳисоби шумо бояд боз 1 сомонии дигар боқӣ монад
- рақам бояд дар номи шахси воқеӣ бошад, яъне тарофаи сим-корт корпоративӣ набошад
- дар рақами шумо имконияти пардохти онлайн хомӯш набошад
- сим-корт бояд қарздор набошад
- аз суратҳисоб камтар аз 1 сомонӣ гирифта намешавад
Пуркунии ҳамён ба насия тариқи корти "Салом" аз Алиф Бонк.
Агар шумо корти “Салом” дошта бошед, пас метавонед ҳамёнро бефоиз то 30 рӯз ба насия пур кунед.
Барои ин бояд:
1. Дар банди “Усули пардохтро интихоб намоед” - усули "Бо корти Салом" - ро интихоб намоед ва тугмачаи " Давом додан" - ро зер кунед.
2. Ба шумо саҳифаи пур кардани маълумот кушода мешавад.
3. Дар сатри "Рақами корти Салом" рақами корти худро ворид намоед.
4. Шартҳои насияро интихоб намоед.
5. Рақами телефонеро, ки ба корти “Салом” пайваст шудааст ворид намоед.
6. Тугмачаи " Қабул кардани код" - ро пахш намоед ва кодро аз СМС-паёмак нависед.
7. Тугмачаи "Пардохт кардан" - ро зер намоед ва насияро тасдиқ кунед.
39. Пур кардани ҳамён тариқи ҳамёни электронии Аlifmobi.
Барои пардохт намудани хизматрасониҳо тариқи ҳамёни Alifmobi шумо бояд:
1. Дар банди “Усули пардохтро интихоб намоед” - услуги "Аз тавозуни Alifmobi" - ро интихоб намоед ва тугмачаи " Давом додан" - ро пахш кунед.
2. Рақами телефони ҳамёни Alifmobi, ки аз он пул гирифта мешавад нависед ва тугмачаи "Давом додан" - ро зер кунед.
3. Тарики push огоҳи код равон мешавад, онро нависед ва тугмачаи “Давом доданро” - зер кунед
Ҳама саволҳоро вобаста ба пуркунии хамён ва пардохти хизматрасониҳо, метавонед ба почтаи мо help@somon.tj ё ин ки ба чати дастгирӣ аз соати 9:00 то 18:00 дар рӯзҳои корӣ ва аз соати 13:00 то 19:00 дар рӯзҳои истироҳат нависед.
Саволҳои дигар
Огоҳномаро барои хабар ёфтан оиди эълонҳои нав дар зербанди лозима чӣ хел фаъол кунам?
Барои он ки огоҳинома дар бораи эълонҳои нав ба телефон равон шавад, ба шумо лозим аст:
1. Дар телефони худ барномаи Somon.tj - ро насб намоед
2. Ба зербанди лозима ворид шавед ё филтри даркориро интихоб намоед
3. Дар версияи пурра ва мобилӣ дар рӯйхати эълонҳо тугмачаи "Обуна шудан ба ин зербанд” -ро фаъол созед.
4. Дар барнома пас аз интихоби зербанди лозима, дар боло аз тарафи рост ба тугмачаи “Дил” - зер кунед.
5. Дар танзимоти худи телефон функсияи "Push огоҳинома" - ро фаъол созед.
Баъд аз ин ба телефони шумо Push-огоҳинома оиди эълонҳои нав равон мешаванд.
Ҷустуҷӯҳои обунашударо, дар саҳифаи "Интихобшуда" - "Ҷустуҷӯи интихобшуда" - дида метавонед. Агар ягон обуна дигар даркор набошад, онро аз руйхат нест карда метавонед.
Ивазшавии нархи моли худро чӣ хел фаъол кунам?
Агар нархи молро дар эълон нисбат ба нархи аввала аз 5% то 50% кам кунед, худаш ба таври автоматикӣ хат зада нишон медихад.
Барои хамуш кардани ин функсия, шумо метавонед ба "Танзимот" - "Танзимоти эълонҳо" даромада, аломати қайдро аз "Арзоншавии нархро нишон додан" гиред
Мошини худро чӣ хел ба насия фурӯшам?
Дар эълонҳои банди "Нақлиёт" - "Автомобили сабукрав" - функсияи харидори кардани мошин ба насия дар хамкорӣ бо бонки "Алиф Бонк" ҳаст
Ин функсия дар ҳама мошинҳои сабукрав, ки нархи онҳо аз 25.000 то 250.000 сомонӣ мебошанд, бо таври автоматикӣ пайваст мешавад
Барои харидани мошин ба насия, ба тугмачаи "Қарз тариқи бонк" - пахш карда, дархостро пур кардан лозим аст
Фурӯшанда бо ин тарз мошини худро фурӯхта, ҳеҷ чиз гум намекунад. Барои мошини худ, фурушанда аз бонк пурра маблағи худро мегирад.
Тарзи баромадан ба алоқа бо мо
Агар шумо ба саволҳои худ ҷавоб наёфтед ё ин ки бо кормандони шӯъбаи техникӣ ба алоқа баромадан мехоҳед, пас ба почтаи мо help@somon.tj мактуб фиристед. Инчунин дар рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 18:00 ва дар рӯзҳои истироҳат аз соати 13:00 то 19:00 ба чати дастгирӣ ба мо нависед.