Дутор
- Ҳолат: Нав
Гаронтарин сармоя барои инсон ҳунар буда, қадру қиматаш дар он аст, ки онро харидаву фурўхта намешавад. Вале бузургии инсонро дар ҳунари ў мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳунари воло метавонад зиндагиро дигаргун сохта, инчунин барои пешбурди санъату фарҳанг ва боқӣ гузоштани ном дар таърих, саҳми арзандае дошта бошад. Шахсоне, ки ба ҳунармандӣ машғул ҳастанд мардум онҳоро ба мисли дарахти пурсамар баҳо медиҳанд.
Дуторсозӣ ҳам яке аз ҳунарҳои муҳими фарҳангии тоҷикон ба шумор рафта, нозукӣ ва мушкилиҳои хоси худро дорад. Аз рўи гуфтаҳои мутахасисони дуторсоз на ҳар инсон метавонад, чунин ҳунарро дошта бошад. Чуноне ки мушоҳида кардем, имрўзҳо, устоҳои дуторсоз хеле ҳам кам ба назар мерасанд. Маълум гардид, ки ҳунари дуторсозӣ машаққат ва душвориҳои зиёде дошта, бар зами душворсоз буданаш бисёр нозук ва мураккаб низ ҳаст. Дар китоби Донишномаи фарҳанги мардум калимаи дутор (думбура) чунин шарҳ дода шудааст: «Думбура, думбурак, думбурак сози мусиқии қадимии тоҷикӣ. Дар баъзе мавзеъҳои Тоҷикистон онро дуторча ҳам меноманд дар шимоли Афғонистон, вилоятҳои Сурхандарёву Қашқадарёи Ўзбекистон низ маъмул аст.
Дарозиаш 70-80 см. аз коса, тахта, даста, гўшак, харак иборат аст
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust