ҶДММ «Акома» Оператори телефонӣ (Call Center Operator)-ро даъват мекунад.
Вазифаҳои асосӣ:
Қабул ва посух додан ба зангҳои телефонии муштариён.
Пешниҳоди маълумот дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳои AKOMA.
Қабул ва сабти фармоишҳои муштариён.
Ирсоли фармоишҳо ва дархостҳо ба шуъбаҳои дахлдор.
Қабули пешниҳодҳо ва шикоятҳои муштариён.
Пешбурди рӯйхати зангҳо ва омода намудани ҳисоботи ҳаррӯза.
Нигоҳ доштани муносибати хушмуомила ва касбӣ бо муштариён.
Талабот ба номзад:
Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Нутқи равшан, муоширати хуб ва хушмуомилагӣ.
Малакаи ибтидоии кор бо компютер.
Диққат, масъулиятшиносӣ ва саривақт иҷро намудани супоришҳо.
Таҷрибаи корӣ дар маркази тамос ё хизматрасонӣ ба муштариён бартарӣ дорад.
💼 Мо пешниҳод менамоем:
Кори доимӣ дар ширкати устувор.
Омӯзиши маҳсулот ва тартиби кор.
Муҳити кории дӯстона.
Маош аз рӯйи натиҷаи суҳбат.
📩 Барои муроҷиат, маълумот дар бораи худ ё CV ирсол намоед.
📞 Телефон175 -05- 05-94