ЭЪЛОН
БА МАРКАЗИ НАВИ ТАЪЛИМӢ МУДИР-АДМИНИСТРАТОР ЛОЗИМ АСТ!
Бинобар ифтитоҳи маркази нави таълимию омӯзишӣ барои кӯдакон ба вазифаи администратор корманд қабул карда мешавад.
Марказ барои кӯдакони синни хурдсоли мактабӣ машғулиятҳои иловагӣ ташкил намуда, ҳамчунин кӯдакони синни томактабиро ба мактаб омода мекунад.
Самтҳои асосии фаъолияти марказ:
Омодасозии кӯдакон ба мактаб;
Машғулиятҳои иловагӣ аз забони русӣ;
Омӯзиши забони англисӣ;
Омӯзиши забони олмонӣ;
Машғулиятҳои таълимию инкишофдиҳанда барои кӯдакон.
ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
Масъулиятшиносӣ ва иҷрои саривақтии вазифаҳо;
Муоширати хуб ва одоби суханварӣ;
Қобилияти муошират бо кӯдакон ва волидон;
Ташкилотчигӣ ва бодиққатӣ;
Донистани хуби забонҳои русӣ ва тоҷикӣ;
Малакаи кор бо компютер.
ШАРОИТИ КОР:
Рӯзҳои корӣ: душанбе – ҷумъа;
Рӯзҳои истироҳат: шанбе ва якшанбе;
Соатҳои корӣ: аз 08:00 то 17:00;
Маош: 1800 сомонӣ.
Мо шахси масъулиятшинос, хушмуомила ва боташкилро барои ҳамкорӣ даъват менамоем!
Суроға: ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин), мағозаи «Ёвар», ошёнаи дуюм.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва масъалаҳои ба кор қабул шудан бо рақами телефони зерин тамос гиред.
+992 201111146