Ширкати «Дусти Фарма» — ширкати фаъолияткунанда дар соҳаи таъминот ва паҳнкунии маҳсулоти доруворӣ мебошад. Бо мақсади васеъ намудани фаъолияти худ, ширкат ба кор намояндаи фурӯш қабул менамояд.
Талабот ба номзад:
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯш афзалият дорад;
- Малакаи хуби муошират ва гуфтушунид;
- Қобилияти ҷалби муштариёни нав ва нигоҳ доштани муштариёни мавҷуда;
- Масъулиятшиносӣ, фаъолият ва ҳавасмандӣ ба натиҷа;
- Қобилияти кор бо нақшаи фурӯш.
Вазифаҳои асосӣ:
- Муаррифӣ ва фурӯши маҳсулоти ширкат;
- Кор бо муштариёни мавҷуда ва ҷалби муштариёни нав;
- Ташкили муносибатҳои дарозмуддат бо муштариён;
- Иҷрои нақшаи фурӯши муқарраршуда;
- Назорати фармоишҳо ва пайгирии пардохтҳо;
- Пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти ҳаррӯза.
Мо пешниҳод менамоем:
💰 Маоши асосӣ: 5 500 сомонӣ
🎯 Бонуси ҳармоҳа ва кварталӣ — вобаста ба иҷрои нақшаи фурӯши муқарраршуда.
📅 Реҷаи корӣ: 6 рӯзи корӣ, 1 рӯзи истироҳат.
📈 Имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ.
🤝 Муҳити кории хуб ва дастаи ҳамкор.
📩 Агар шумо фаъол, масъулиятшинос ва ба натиҷа нигаронида шуда бошед, ба дастаи «Дусти Фарма» ҳамроҳ шавед!