Менеҷери фурӯши онлайн muosir tech — мағозаи фурӯши таҷҳизоти техникӣ дар шаҳри ваҳдат, барои васеъ намудани фаъолияти худ корманд ба кор даъват мекунад.
Вазифаҳои корӣ:
- Ҷавоб додан ба паёмҳои муштариён дар whatsapp, instagram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ.
- Машварат додан ба харидорон оид ба компютер, ноутбук, принтер, камераҳои назоратӣ ва дигар таҷҳизот.
- Пешниҳод ва фурӯши маҳсулот ба муштариён.
- Қабули фармоишҳо ва пайгирии онҳо то анҷоми фурӯш.
- Омода кардани эълонҳо ва муаррифии маҳсулот дар интернет.
Талабот:
- Муоширати хуб ва хушмуомилагӣ бо муштариён.
- Қобилияти хуби навиштан ва ҷавоб додан ба паёмҳо.
- Донистани шабакаҳои иҷтимоӣ.
- Қобилияти фурӯш ва бовар кунонидани муштарӣ.
- Масъулиятшинос ва фаъол будан.
- Донистани таҷҳизоти техникӣ бартарӣ ҳисобида мешавад.
Ҷойи кор: шаҳри ваҳдат, чорроҳа, маркази савдои ваҳдат сити, мағозаи muosir tech
Музди меҳнат: маоши мувофиқ + бонус аз фурӯш.
Агар шумо фаъол, масъулиятшинос ва хоҳиши кор кардан дар соҳаи фурӯши онлайнро дошта бошед, ба мо муроҷиат намоед.
Корфармо: muosir tech, шахси масъул: абдулло