ҶСП «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» (ICB) барои ишғоли вазифаи холии Мутахассиси шуъбаи бозгардонии қарзҳо озмун эълон менамояд.
Корманди ин вазифа барои бозгардонии пурраи қарзҳои муҳлаташон гузашта ва аз тавозуни бонк хориҷшуда, идоракунии сандуқи қарзӣ, таҳияи ҳисобот оид ба фаъолияти анҷомдодашуда, инчунин татбиқи сиёсат ва тартиботи марбут ба бозгардонии қарзҳо масъул мебошад.
Талабот:
1. Маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ва/ё бонкдорӣ, ҳуқуқшиносӣ ё идоракунӣ;
2. Таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 3 сол, бартарӣ ба довталабони дорои таҷриба дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва қарздиҳӣ дода мешавад;
3. Малакаи гузаронидани санҷишҳо ва таҳлили маълумот бо мақсади баланд бардоштани самаранокии бозгардонии қарзҳо;
4. Қобилияти амалии идоракунии кормандон;
5. Донистани хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
6. Дониши хуби қонунгузории амалкунандаи маҳаллӣ;
7. Қобилияти баланди ҳисоббарорӣ ва таҳлилӣ;
8. Малакаҳои баланди кор бо компютер.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷати тарҷумаи ҳоли худро (CV) ба суроғаи почтаи электронии hr@icb.tj ирсол намоед.