ВАКАНСИЯ: МУДИРИ КЛИНИКАИ СТОМАТОЛОГӢ
Клиникаи стоматологӣ барои кор мудири масъулиятшинос ва таҷрибадорро даъват мекунад.
Вазифаҳо:
- Идоракунии фаъолияти ҳаррӯзаи клиника.
- Назорат ва ташкили кори кормандон.
- Қабули беморон ва назорати сифати хизматрасонӣ.
- Назорат аз болои сабти беморон ва ҷадвали қабули духтурон.
- Пешбурди фаъолияти клиника ва зиёд намудани мизоҷон.
- Назорати интизом ва тартиботи корӣ.
Талабот:
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи идоракунӣ.
- Қобилияти роҳбарӣ ва муоширати хуб.
- Масъулиятшиносӣ, фаъолӣ ва ташкилотчигӣ.
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
- Таҷрибаи кор дар стоматология афзалият дорад.
Шароити кор:
- Маош мувофиқи таҷриба ва қобилият.
- Ҷадвали корӣ мувофиқа карда мешавад.
- Муҳити кории хуб ва имконияти рушди касбӣ.
📞 Барои маълумоти бештар ва мусоҳиба бо мо тамос гиред.