ЭЪЛОН!
МУДИРИ ФЕРМАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ БА КОР ДАЪВАТ КАРДА МЕШАВАД.
Ба фермаи парандапарварӣ, шахси ботаҷриба, масъулиятшинос ва интизомнок ба вазифаи МУДИРИ ФЕРМА (БОЙЛЕР) даъват карда мешавад.
Вазифа ва уҳдадориҳо:
1. Роҳбарӣ ва назорати пурраи фаъолияти ферма ва тамоми равандҳои истеҳсолӣ.
2. Интихоб, қабул ва аз кор озод намудани кормандон.
3. Ташкили дурусти кори кормандон ва назорати қатъии интизоми меҳнат.
4. Назорати кори кормандон дар бастҳои рӯзона ва шабона.
5. Назорати ҳолати саломатӣ, инкишоф, вазн ва талафи саршумори паранда.
6. Назорати саривақтӣ ва дурусти додани хӯрок ва об.
7. Назорати ҳолати зербистар, пешгирии намнокӣ ва ифлосшавии он.
8. Назорати ҳарорат, намнокӣ ва системаи ҳавотозакунии мурғхонаҳо.
9. Назорати тозагӣ, беҳдошт ва безараргардонии биноҳо.
10. Назорати сарфи хӯрок, об ва дигар маводи истифодашаванда.
11. Пешбурди ҳисобот оид ба талафи саршумор, вазни паранда ва нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ.
12. Дар ҳолати пайдо шудани мушкилот сари вақт чораҳои зарурӣ андешидан.
13. Ҳисоботи ҳаррӯза ба роҳбарият оид ба фаъолияти ферма.
Талабот ба довталаб:
- Таҷрибаи амалии кор дар соҳаи парандапарварӣ (бройлер) ҳатмӣ мебошад.
- Донистани технологияи парвариши бройлер аз рӯзи аввал то ба фурӯш баровардан.
- Қобилияти роҳбарӣ ва идоракунии ҳайати кормандон.
- Масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ, талабгорӣ ва интизоми баланд.
- Қобилияти мустақилона қабул кардани қарорҳо.
- Омодагӣ ба назорати доимии фаъолияти ферма, аз ҷумла назорати бастҳои шабона.
ШАРТИ АСОСӢ:
Мо шахсеро меҷӯем, ки танҳо фармондиҳанда набошад, балки шахсан тамоми раванди корро назорат карда, барои ҳолати паранда, фаъолияти кормандон ва натиҷаи умумии ферма масъулияти пурра ба зимма гирад.
Музди меҳнат вобаста ба таҷриба ва малакаи корӣ мувофиқа карда мешавад.