ҶСП “Бонки сармоягузори ва карзии Точикистон” ҷои кори холии Мутахассиси шуъбаи бозгардонии қарзҳо дар филиали н.Рашт эълон менамояд.
Корманди вазифаи мазкур барои бозгардонии пурраи қарзҳои батаъхирафтода ва аз тавозун хориҷшуда, идоракунии сандуқи қарзӣ, ҳисоботдиҳӣ оиди фаъолиятҳо ва татбиқ намудани сиёсатҳо ва тартиботи ба бозгардонии қарзҳо алокаманд масъул мебошад.
Талаботҳо:
1. Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ва/ё бонкдорӣ, ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ;
2. Таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ, бартарият ба таҷриба дар бахши ҳуқуқшиносӣ ва қарздиҳӣ;
3. Қобилияти истифода бурдани малакаҳои тафтишот ва таҳлили барои беҳтарнамоии бозгардонии қарзҳо;
4. Тавоноии воқеии идоракунии кормандон;
5. Донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ;
6. Шиносоии хуб бо қонунгузории маҳалли;
7. Малакаҳои қавии риезӣ ва таҳлилӣ;
8. Малакаҳои олии компютерӣ.
Хоҳишмандон метавонанд резюмеи шахсии худро ба почтаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд.