Квартира аз як ҳуҷра иборат буда, масоҳати он 45,5 м² дар дуюм ошёнаи бинои истиқоматии 8-ошёна ҷойгир шудааст. Деворҳои берунии бино ва ҳуҷраҳо аз хишти пухта бо истифодаи қабати гармнигоҳдоранда (утеплитель) сохта шудаанд. Деворҳои дохилии квартира андова (штукатурка) карда шуда, фаршҳо аз ҷониби ширкати сохтмонӣ бо қабати стяжка омода карда мешаванд.
Тақсимбандии дохилии квартира тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи ман амалӣ карда шудааст. Мувофиқи нақша, квартира аз ҳуҷраи хоб бо андозаи 4,8 × 3,5 метр, ошхона бо толори умумӣ (кухня-зал) бо андозаи 6 × 3 метр, ҳуҷраи либоснигоҳдорӣ (гардероб) бо масоҳати 3 метри мураббаъ, ҳаммом ва ҳоҷатхона (санузел) бо масоҳати 5 метри мураббаъ ва долон (коридор) иборат мебошад.