Модели он:
P.I.T. INVERTER GENERATOR PGE4500-G
Ин бренди P.I.T. Professional аст, насли нав - инверторӣ.
Хусусиятҳои асосӣ:
- Қувва: Максимал 4500 Вт (4.5 кВт)
- Сӯзишворӣ: Бензин АИ-92
Дар пешаш 2 розеткаи AC 230V, 1 розеткаи DC 12V ва USB дорад.
Фарқи он аз генераторҳои оддӣ чист?
Ин инверторӣ аст, яъне барқи тоза ва устувор медиҳад. Барои телефон, телевизор, яхдон, компютер, ноутбук хатарнок нест - барқаш намепарад.
Ва садояш ҳам хеле пасттар аст.
Чӣ чизро кашида метавонад?
- 1 яхдон + телевизор + телефонҳои заряд
- 1 мошини ҷомашӯӣ
- 1 насоси об
- Болгарка, дрель, сваркаи хурд.
Якҷоя - яхдон (300 Вт) + телевизор (150 Вт) + 10 лампа (100 Вт) + телефон - бемалол мекашад.
Чӣ хел истифода бурдан лозим:
1. Пеш аз сар кардан равғанро санҷед - бе равған кор кардан манъ аст
2. Бензин андозед
3.Тугмачаи SWITCH-ро ба ON гузоред, баъд стартерро кашед
4. ECO MODE-ро фурӯзон кунед, агар бор кам бошад - бензин камтар мехӯрад.